Оқибати қаллобию сохтакорӣ кунҷи маҳбас аст
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав К. Аҳматов ва собиқ сармеъмори ноҳия Ҳ. Нозимов барои қаллобию сохтакории ҳуҷҷатҳо бо ҳукми Суди ноҳияи мазкур ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муайян кард, ки собиқ мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав К. Аҳматов, собиқ сармеъмори ноҳия Ҳ. Нозимов ва собиқ милитсионери РВКД-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт О. Қаюмов тибқи маслиҳати пешакӣ давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон О. Ишонқулова-12 750, И. Дӯстмуродов-12 000, И. Раҳмонов-13 000 ва С. Ғуфронов-15 600, ҷамъ 53 ҳазору 350 доллари ИМА гирифта, ба онҳо аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии И. Меликмуродов ғайриқонунӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, бо истифода аз таҷҳизоти чопӣ бо роҳи сохтакорӣ шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии молу мулк ва қарорҳои Раиси ҷамоати деҳоти А. Ҳасановро оид ба он ки гӯё дар ҳамин давраҳо ба номбурдагон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда буданд, сохтакорӣ карда ба шаҳрвандони дар боло зикшуда додаанд.
Нисбат ба К. Аҳматов, Ҳ. Нозимов бо моддаҳои 247 қ. 4, банди «а», 3381 қ. 2, банди «б» ва 340 қ. 2 банди «б» ва нисбат ба О. Қаюмов бо моддаҳои 247 қ. 4, банди «а» ва 3381 қ. 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зимни тафтиши пешакӣ зарари расонидашуда ба маблағи 53 ҳазору 350 доллари ИМА (баробар ба 420 398 сомонӣ) пурра барқарор карда шуд.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






