Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти он аз наздик шинос гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Қоҳир Расулзода дар Академияи мазкур ҷаласаи сайёр доир намуда, ҷиҳати вусъат додани корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд ба истифода додани бинои нави Академияи ВКД ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки оид ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода намудани атрофи бинои мазкур ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ вусъат дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД босуръат идома дошта, сохтмончиён бо тамоми масолеҳи сохтмонӣ ва шароити маишӣ таъмин мебошанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






