Оғози фаъолияти ҶДММ «Баракат Исфара» дар шаҳри Исфара
ДУШАНБЕ, 24.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Россия, ки 97 дарсадро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Маблағи умумӣ барои бунёд ва ба таври пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ ё худ 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Баракат Исфара» коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки аз ин ҳисоб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.
Сарвари давлат ба фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои анҷом додашуда баҳои баланд доданд. Барои коркарди бо сифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Истеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз меваи хушк омодгардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат аз маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорон дидан карда барои бештар фаро гирифтани бозори дохилӣ ва зиёд намудани истеҳсолоту ба ҳамин васила кам кардани талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ҷойгир шуда, аз коргоҳи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти худи корхона пешбинӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин дар маҷмӯъ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Баракат Исфара» ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд 170 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон аст, ки шумораи кормандон боз ҳам бештар карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият дар ин коргоҳ ҷалб карда шаванд. Дастгоҳҳои дар ин корхона насбу васлгардида, аз Россия ва Туркия харидорӣ шудаанд. Маҳсулоти корхона ба меъёрии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.





















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






