Олим Салимзода: «Қонуни асосӣ барои аҳли қалам-дили пок, нияти холис ва қалами беғараз мебошад»
ДУШАНБЕ, 11.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ «Бухорои шариф» 11 марти соли 1912 аз чоп баромад. Иди матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май ҷашн гирифта мешуд, ки рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» буд. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11 мартро рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард. Бахшида ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Олим Салимзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ҳамсуҳбат шуд.
«Ховар»: Доир ба таърихи матбуоти тоҷик чӣ гуфта метавонед?
Олим Салимзода: Матбуоти тоҷик аз давраи пайдоиш то ба имрӯз давраҳои гуногуни фаъолиятро аз сар гузаронидааст. Шурӯъ аз асри 19, ки матбуот арзи вуҷуд кард, рӯзномаву маҷаллаҳо дар шаклҳои гуногун ба нашр мерасиданд. Дар баробари он, ки рӯзномаҳо замони ҳукумати подшоҳӣ бо забонҳои ғайритоҷикӣ ба нашр мерасиданд, эълону огоҳиномаҳо бо забони тоҷикӣ нашр мешуданд. 11 марти соли 1912 рӯзи нашри нахустин рӯзномаи сирф тоҷикӣ- «Бухорои шариф» мебошад, ки дар матбааи Когон нашр шудааст. Аҳли маориф ва зиёиёни ҳамонвақтаи шаҳри Бухоро дар таъсиси ин нашрия саҳми бевосита доштанд, ки метавон аз онҳо Мирзосироҷи Ҳакимро ёдовар шуд. Чанд нафар равшанфикрони ҳамон давр ҷамъ омаданд ва барои нашри чунин як рӯзнома нақша кашиданд. Чун масъалаи муҳаррири нашрия ба миён омад, онҳо шахсияти бисёр маъруфу машҳури дар матбуот шинохташудаи ҳамон замон- Мирзоҷалол Юсуфзодаро аз шаҳри Боку ба Бухоро даъват карданд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мо 11 мартро ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн мегирем. Ҳарчанд, ки чор моҳи аввал ин рӯзнома дар як ҳафта шаш рӯз нашр мешуд, баъди чор моҳ дар як ҳафта чор маротиба нашр шуд ва билохира бадхоҳони забон ва фарҳанги миллати тоҷик муваффақ шуданд, ки ин нашрияро бо дасти ҳокимони ҳамон вақт банданд.
«Ховар»: «Бухорои шариф» чанд шумора нашр шудааст ва дар таърихи матбуоти тоҷик ҷою мавқеи он чӣ гуна аст?
Олим Салимзода: Рӯзномаи «Бухорои шариф» зиёда аз 150 шумора нашр шудааст ва дар таърихи матбуоти тоҷик мавқеъи махсусро соҳиб аст. Дар ҳамон замони тираву тори ҳукумати подшоҳӣ дар ҳар як шумораи нашрия аз мардум барои азхудкунии илм, таъсиси мактабҳои нав ва дар маҷмӯъ маориф, бунёди роҳҳо ва бахшҳои дигари иқтисоду иҷтимоъ даъват ба амал оварда мешуд. Аз ин нашрия чизҳои хубу хондании зиёде дар ёдамон мондааст. Махсусан нашри осори адибони ҷаҳон, ки дар ҳамон замон асарҳои Максим Горкий, Лев Толстой ва адибони дигари Аврупо дар шумораҳои «Бухорои шариф» нашр мешуданд. Яъне он як равзанае буд барои ошно кардани хонандаи тоҷик бо осори адибони кишварҳои дигар. Асарҳоеро, ки ба мардум маърифат меомӯхтанду онҳоро ба бунёдкорӣ даъват мекарданд, Мирзоҷалол Юсуфзода, сармуҳаррири рӯзнома худ пайдо карда, ба нашр мерасонид.
«Ховар»: Муҳаққиқон ақида доранд, ки «Бухорои шариф» барои ба миён омадани нашрияҳои дигар заминаи хубе шудааст. Нуқтаи назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?
Олим Салимзода: Дар ҳақиқат аз ин ба баъд «Бухорои шариф» барои ба миён омадани нашрияҳои дигаре, ки имрӯз дар таърихи матбуоти тоҷик нақши бисёр бузург доранд, заминаи мусоид фароҳам овард. Ман дар назар дорам нашрияҳои минбаъдаи тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва маҷаллаю рӯзномаҳои дузабонаро, ки дар Мовароуннаҳр нашр мешуданд ва ин гӯё ки оғози марҳалаи нави матбуоти тоҷик буд. Аз ин ба баъд матбуоти тоҷик шакл гирифт, адибон, қаламбадастон ва рӯзноманигорони дигари тоҷик ба ин майдон ворид шуданд. Инқилоби Бухоро шурӯъ шуд ва баъд аз он давраи нав дар таърихи матбуоти тоҷик оғоз ёфт. Ин давраи нав ё худ давраи матбуоти инқилобии тоҷик буд ва баъд аз инқилоби Бухоро соли 1920 нашрияҳои дигари тоҷикӣ арзи вуҷуд карданд.
«Ховар»: Аз нигоҳи теъдоди нашр ва касбият кадом давраро метавонем давраи пешрафти матбуоти тоҷик номем?
Олим Салимзода: Аз нигоҳи теъдод ва касбият давраи пешрафти матбуоти тоҷик ин замони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон дар қатори ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби нашрияҳои мустақили давлатӣ, баъдтар соҳиби радио ва телевизион гардид. Яъне, ин давра ҳамчун давраи нави рушди матбуоти тоҷик ёдоварӣ мешавад. Чун дар замони Шӯравӣ сиёсат ягона буд, зери роҳбарии Ҳизби коммунистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон нашрияҳо низ ҳизбӣ буданд, дар доираи ин сиёсат фаъолият мекарданд ва бо теъдоди зиёд нашр мешуданд. Масалан рӯзномаи имрӯзаи «Ҷумҳурият», ки он замон «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт, қариб бо теъдоди 200 ҳазор нусха чоп мешуд. Имрӯз вақте, ки мо ин рақамро ёдовар мешавем, барои аксари хонандагони ҷавони мо як рақами фавқулода метобад, аммо замона ҳамин тавр буд. Тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ва вазоратҳо рӯзномаҳои соҳавӣ ва маҷаллаҳо доштанд, ки ҳамаи онҳо сиёсати вақти Шӯравиро таблиғ мекарданд ва дар доираи он фаъолият мекарданд.
«Ховар»: Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолият чӣ гуна аст?
Олим Салимзода: Дар замони ба истиқлолият расидани Тоҷикистон матбуот хеле фаъол ва мавқеъи он дар ин давра баръало намоён буд. Нашрияҳои бисёр арзи вуҷуд карданд ва аз ормонҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд ва ба майдони мубориза бархостанд. Мо дар ин давра як марҳилаи бисёр ҳассосро аз сар гузаронидем. Дар ибтидои ба истиқлолият расидани кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва мардумро ба майдонҳо даъват карданд. Мутаассифона, дар ин миён нашрияҳое буданд, ки аз ин гурӯҳҳо ҷонибдорӣ карданд ва онҳоро таблиғ мекарданд.
Ман метавонам гӯям, ки сухан ҳам сӯзанда аст, ҳам созанда. Вақте ки мо сухани сӯзандаро истифода кардем, дар натиҷа он боис шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аланга занад ва қурбонию харобиҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Баъд аз таҳкими ҳокимияти қонунӣ дар кишвар, мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гӯё як Тоҷикистони вайрону валангорро мерос гирифтем. Хушбахтона, зимоми давлатдориро Президенти кунунии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд ва дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки «агар ман то охирин гурезаро ба Тоҷикистон барнагардонам, худамро ором ҳис карда наметавонам». Ҳамин ҳиммати баланд сабаб шуд, ки мардум, бахусус фирориён аз хориҷ ба ватан бар гардонида шаванд. Оҳиста-оҳиста кишвар дар пайи ободии вайронаҳо камари ҳиммат баст ва мардумро дар ин марҳила матбуоти воқеан хайрхоҳ ва матбуоте, ки сухани созандаро гуфт, тавонист зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олии вақт ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ кунад.
Матбуоти тоҷик дар ин замина нақши бисёр муассир бозид ва месазад махсусан аз барномаи радиоии ҳамонвақта, ки бо номи «Хоки Ватан» пахш мешуд, ёдовар шавем. Аз тариқи телевизион низ намоишҳои бисёр хубу даъваткунанда пахш мешуданд, то мардумро мо тавонем муттаҳид ва сарҷамъ кунем. Матбуот бо даъватҳои саривақтӣ ва асарнок ва суханоне, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон боварии мардумро дучанд гардонад, нақши муттаҳидкуниро хуб иҷро намуд.
«Ховар»: Барои ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти матбуоти даврии тоҷик чӣ кор бояд кард?
Олим Салимзода: Матбуоти тоҷик имрӯз, пеш аз ҳама, фаъол аст. Дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя дар кишвари мо барои матбуоти тоҷик фазои бамаротиб озодтару мусоидтар мавҷуд аст ва ин озодӣ аз моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Инсоният боз мехоҳад, ки шароити кор, зиндагӣ ва фаъолияташ аз дирӯза беҳтар шавад. Ба ин хотир аҳли қалами мо 5 сол қабл даъво мекарданд, ки мо ба гирифтани иттилоот дастрасӣ надорем ё аз мақомот ба таъхир иттилои зарурӣ дарёфт мекунем. Дар таҳияи нави қонун мо барои дарёфти иттилоот аз 1 то 3 рӯз муҳлат муқаррар намудем, ки хеле муҳлати кӯтоҳ мебошад ва ин таҷриба дар Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавҷуд аст. Мо хуб медонем, ки агар иттилоъ сари вақт ба дасти рӯзноманигор нарасад, он гоҳ навиштану нишон додан ҳеҷ маъно надорад. Аз ин хотир мо инро дар таҳияи нави Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҷой кардем. Шахсони мансабдори давлатӣ вазифадоранд, ки ба пурсишҳои аҳли қалам сари вақт ҷавоб гӯянд. Дар сурати нагуфтан тибқи ин қонун муҷозот ҳам мешаванд.
«Ховар»: Тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ворид карда шуданд, аз кадом ҷузъҳо иборат буданд?
Олим Салимзода: Дар соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» тағйирот ворид карда шуд. Парлумон дар ин ҷо нақши худро ба хубӣ иҷро кард, зеро дар инҷо баҳсҳои хилоф кардани қонун ё баҳсҳои дигари риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи пешниҳодшуда аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадде буд, ки иҷозат дода мешуд ниҳоди бақайдгирандаи матбуот фаъолияти матбуотро боздорад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи инро гирифт ва тибқи қонунгузории маъмулӣ, ки дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, ҳамаи баҳсҳо бояд тариқи суд роҳи ҳалли худро ёбанд. Ягон ниҳоди бақайдгиранда ё сабтиномкунанда ҳаққи муҷозот кардан ё ҳаққи боз доштани фаъолияти матбуоти давриро имрӯз надорад.
«Ховар»: Ҳар як соҳа ба худ устод дорад. Ба андешаи шумо дар соҳаи журналистика мо киро устод гуфта метавонем?
Олим Салимзода: Албатта, ҳар соҳа устод дорад, шахсиятҳои маъруфу машҳур дорад. Дар таърихи матбуоти тоҷик шахсиятҳои маълуму машҳур ки барои матбуоти тоҷик софдилонаю содиқона хизмат кардаанд, хеле зиёданд. Агар ҳамаи онҳоро мо ёдовар шавем, шояд як китоб шавад. Барои ҳамин ман бо як сухан метавонам гӯям, ки устод Сайриддин Айнӣ аз нахустустодони матбуоти навини тоҷик мебошанд.
Шукӯҳи ДАЛЕР