Рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таърихи 92-сола дорад

Март 15, 2017 08:27

 «Миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад, ҳар қавму миллатро бе доштани рӯзнома тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Садриддин Айнӣ

 ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  15 марти соли 1925 дар таърихи миллати тоҷик яке аз қадимтарин ва сернуфузтарин нашрияҳои кишвар-рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таъсис ёфт. Дар даҳаи навади асри гузашта, ки аксар нашрияҳо ё аз байн рафтанд ва ё ба сурати ҳафтаномаву моҳнома чоп мешуданд, «Ҷумҳурият» ягона нашрияе буд, ки ба сурати рӯзнома мардумро аз таҳаввулоти дохилу хориҷи мамлакат огоҳ мекард. Имрӯз ҳам дар баробари дигар рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар пурра гардондани фазои иттилоотии кишвар саҳми арзанда дорад.  Рӯзномаи «Ҷумҳурият»  дар оғоз бо номҳои «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик» «Тоҷикистони Шӯравӣ» нашр мешуд.

Дар равнақи рӯзномаи мазкур фарзандони барӯманди тоҷик фаъолона саҳм мегирифтанд. Аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд.  Ҳамчунин  тайи солҳои гуногун чеҳраҳои шинохта, ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» будаанд. Ҳоло сармуҳарририи ин рӯзномаро Қурбоналӣ Раҳмонзода ба уҳда дорад.

Ёдовар мешавем, соли 1995 рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд. 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд.

Айни ҳол муассиси рӯзномаи «Ҷумҳурият» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди 41 ҳазору 490 нусха нашр мешавад.

Файзалӣ Ниёзов

 

 

Март 15, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад