Рустами Эмомалӣ масъулонро барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2017 вазифадор кард

Март 31, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 марти соли 2017 «Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2017» ба тасвиб расид, ки он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона, барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ ҷалб намудан ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастии онҳо нигаронида шудааст.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи соли 2017 дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида мешавад.
Қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо вазифадор кардааст, ки дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошанд, то 15 майи соли 2017 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳо ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимиеро, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули наврасон омода намоянд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.
Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намуда, тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар қарори мазкур омадааст, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ, майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ва ҳангоми рафтуомад ба мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намуда, оид ба пешгирии сӯхтор тадбирҳои зарурӣ андешида, бехатарии ҳаёти кӯдакону наврасон ва биною иншооти зикршударо зери назорат қарор диҳанд.

Март 31, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд