Саҳми ДМИТ дар ободкорӣ назаррас аст

Март 6, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо мақсади сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ҳамаи кормандону донишҷӯёни донишкада ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Дар ҳашар масъулон аз раёсати донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён, дар маҷмӯъ  зиёда аз 850 нафар иштирок намуда, атрофи роҳи калони кӯчаи Борбад то кӯчаи Нахимови ноҳияи Синоро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳоро тоза карданд.

Ҳамчунин як қисми донишҷӯёну кормандон атрофи ин таълимгоҳро тоза карда, заминҳоро побел ва бехи дарахту буттаҳоро мулоим карданд. Ҳамзамон иштирокчиёни ҳашар синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёнро тозаву поккорӣ карда, барои ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани онҳо саҳми назаррас гузоштанд.

Март 6, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст