Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 04.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеи Фахробод оғоз гардида, дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа” муаррифӣ карда шуд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1 — уми азнавсозии ин роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур доданд, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шаванд. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд.
Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ҷамоати Фахробод мегузарад ва дар ду тарафи шоҳроҳ боғҳои Хоҷагии фермерии Асадулло доман паҳн кардааст. Бинобар зарурати авнавсозии роҳи мазкур як қисми боғоти хоҷагӣ дар нақшаи сохтмон меафтад, аз ин ру роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтанд, ки бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дубро ба боғҳои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тақдим намоянд.
Имрӯз ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба Хоҷагии фермерии Асадулло ташриф оварда, бо Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ ҳамчун рамзи баҳору наврӯз дарахт шинониданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд шуда буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин хоҷагии пешқадам суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва идҳои баҳорӣ табрик намуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Тавре маълум гардид, имсол меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” нақша доранд, дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд карда, дар 100 гектари он барои содирот олу шинонанд.
Айни ҳол хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 2000 гектар замини боғи дарахтони гуногун дорад, ки ҳосили аксари он ба содирот нигаронида шудааст.
















Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд






