Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон иди Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил кард
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон 23 март барои намояндагони вазорату идораҳои гуногун, муассисаҳои олии таълимӣ, зиёиёни илмиву эҷодии Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳайати дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва зиёиёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон истиқомат мекунанд, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз қабули расмӣ ташкил карда шуд.
Дар ин рӯз ҳавлии Сафорат ба фазои фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷик табдил дода шуд. Меҳмонони маросим бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз шинос карда шуданд.
Дар назди меҳмонон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода сухан гуфт. Сафир ҳамчунин зикр намуд, ки ҷашни қадимии Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
«Наврӯз оғози зиндагии нав буда, таҷассуми пирӯзии некӣ бар бадӣ, таблиғгари ғояҳои некӣ, меҳрубонӣ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад»,-иброз дошт Сафир.
Махсусан ба меҳмонон барномаи консертӣ писанд омад. Дар рӯзи ҷашн донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизистон таҳсил менамоянд, барои меҳмонон санъати волои худро нишон доданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






