«Симои духтари тоҷик»-озмуни наврӯзӣ дар Литсей-интернати президентӣ
ДУШАНБЕ, 21.03.2017. /АМИТ /«Ховар»/. Духтарони моҳпайкари тоҷик бо ҳунару маҳорат, малакаву истеъдоди табии худ ҳамчун офарандаи зебоиву латофат васф гардидаанд. Бонувони тоҷик дар ашъори шоирону орифон ҳамчун олиҳаи ҳусн тасвир мешаванд. Аз ин нуқтаи назар як мақоли халқӣ ба ёд меояд, ки чунин аст: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад».
Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Литсей- интернати президентӣ озмуни «Симои духтари тоҷик»-ро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии литсейи мазкур иштирок намуда, аз рӯйи 6 шарт байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Баргузории чунин озмунҳо барои ба ҳаёти мустақилона омода гардидани духтарон мусоидат намуда, дар зеҳн ва тафаккури онҳо ҳисси зебоиро зиёд менамояд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ба хотири болидахотирии меҳмонон ва ҳозирин аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ, ки фарогирӣ сурудҳои ватандӯстӣ ва баҳору Наврӯз буд, намоиш дода шуд.













«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






