Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони тамаъҷӯӣ ба даст афтод

Март 28, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан бо моддаҳои 200 ва 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 3-юми марти соли 2017, тахминан соати 20:00 ба ошхонаи «Маҳфуз», воқеъ дар маҳаллаи Бофандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкурро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, лату кӯб кардааст. Баъди чунин ҳодиса, марди гумонбаршуда ҷабрдидаро ба ҳавлии истиқоматиаш оварда, изҳор намудааст, ки гӯё ӯро аз дасти шахсони номаълум, ки охиронро лату кӯб менамуданд, бар ивази 500-доллари амрикоӣ наҷот додааст. Ҳамин тариқ, гумонбаршуда бо роҳи тамаъҷӯӣ мошини шахсии ҷабрдида- тамғаи «ВАЗ-2107»-ро ба ивази «хизматаш» талаб кардааст.
«Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Март 28, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад