Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Берлини Олмон
ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 26 март бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мусоидати шаҳрдории шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017 дар толори бузурги Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин бо шукӯҳи хосса баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба диёри афсонавӣ ва сайёҳии Тоҷикистони азиз ба маърази иштирокчиён гузошта шуд. Ҳамзамон барои меҳмонон ва ҳаводорони фарҳангу расму оини миллиамон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид.
Дар барномаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангсоз ва сарояндаи шинохтаи кишвар Фахриддини Малик сурудҳо дар васфи Тоҷикистон ҳамчун ватани наврӯз ва баҳори зебои диёрамонро тараннум карда, бо сурудҳои ватандӯстона иштирокчиёнро ба ваҷд овард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






