Таҷлили Наврӯз дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон

Март 23, 2017 10:28

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сурхондарё яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, маркази он шаҳри Термиз аст. Вилоят дорои 13 ноҳия аст: Ангор, Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Музработ, Олтинсой, Сариосиё, Термиз, Узун, Шеробод, Шӯрчи, Қизириқ, Қумқӯрғон. Ҳамчунин 8 шаҳр ба мисли Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Термиз, Шарғyн, Шеробод, Шӯрчи, Қумқӯpғон низ мавҷуд аст, ки онҳо тобеи ноҳияҳо мебошанд. Дар вилоят 7 шаҳрак аст: Ангор, Дӯстлик, Какайди, Сариосиё, Сариқ, Элбаён, Ҳуррият. Дар аксари ин ноҳияҳо ва шаҳру шаҳракҳо тоҷикон ва ӯзбекон бо ҳам зиндагӣ мекунанд.
Вилоят беш аз ду миллион аҳолӣ дошта, дар он ҷо ӯзбекҳо, тоҷикон ва миллатҳои дигар зиндагӣ доранд. Имрӯзҳо наврӯз дар тамоми вилояти Сурхондарё дар байни ҳамаи миллатҳо, дар ноҳияҳо, деҳаҳои кӯҳистон низ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Аксари оинҳои асосии наврӯзӣ дар ин вилоят низ амалӣ мегардад.
Нахустин муждаи расидани Наврӯз ин шукуфтани аввали гули баҳорӣ мебошад. Онро тоҷикони Сурхондарё гули наврӯзӣ, гули сияҳгӯш, гули зард, гули дегшиканак, бойчечак мегӯянд. Маъмулан ҳар касе, ки як навъи ин гулро мебинад зуд даҳан ба даҳан хабар медиҳад, ки гули баҳориро дидам. Баробари шунидани ин хабар наврасан ва ҷавонон ба саҳро ва теппаҳо мераванд. Гулҳои навшукфтаро чида дар ҳар минтақа, гузар ва деҳҳо сурудхонон мегарданд ва мардумро огоҳ менамоянд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст. Тавре ки Н.Нурҷонов ҳангоми кори майдонӣ ба ноҳияҳои Сурхондарё рафта, мавод ҷамъ овардааст ва ҳамчунин мо низ аз мардум пурсон шудем дар ноҳияи Сариосиё дар аввали садаи бист чунин одат будааст, ки чанд тан аз муллобчаҳо, наврасон ва ҷавонон пеш аз сурудхонии наврӯзӣ ба ҳозирин чунин мегуфтанд: «Баҳори нав омад, дилшод бошетон! Мо барои шумо «Баҳор омад» мехонем. Ба кору бори деҳқонии ҳама Худо баракат теяд. Омин облоҳ акбар!». Баъдан онҳо ин суруди наврӯзиро бо садои дилнишин месароидаанд:

Яккахон:
Сано гӯем, сано гӯем,
Аввал номи Худо гӯем.
Ба пайғамбар дуо гӯем,
Баҳори нав муборак бод!

Ҳама:
Кушодӣ бод, кушодӣ бод,
Кушодиҳо шуморо бод.
Ки ғам бар душманон резад,
Баҳори нав муборак бод!

Яккахон:
Ба номи қодири якто,
Замин чун бесутун барно.
Замину осмон як ҷо,
Баҳори нав муборак бод! (Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т.1. Д., 2002, с.64).

Бойсун-4Ин суруд бо вариантҳояш дар ноҳияҳои дигар низ будааст. Аз ҷумла дар деҳаи Синаи ноҳияи Деҳнав суруди мазкурро то солҳои 60 садаи бист, андаке бо тағйирот, месароидаанд. Дар ноҳияи Бойсун ҳамин суруд ва ҳамчунин суруди «Бойчечак»-ро, ки матни он хеле машҳур аст сароида, наврасон мардумро аз омадани баҳор огоҳ месохтанд. Дар деҳаи Пасурхӣ, Бибиширин, Кучкак ва Авлоди ноҳияи Бойсун наврасон, ҷавонон гоҳе мардони миёнсол субҳи барвақт подаро ба саҳро мебурданду бегоҳӣ аз дашту теппаҳои Ҷаҳоннамо, Навчакка, Чашмилоло, Осмони Абдулло, Сафедхокӣ, Қӯрғондара, Сойдара нахустин гулҳои наврӯзӣ, ҳатто баъзе гиёҳҳои хӯрданиро чида ҳамроҳи пода баргашта, «баҳор омад, баҳор омад, себанчӣ (мужда) тед (диҳед) баҳор омад» гӯён мардумро аз расидани баҳору Наврӯз огоҳ менамуданд. Дар деҳаҳои дигар Бойсун – Дарбанд, Сайроб, Панҷоб низ муждарасони баҳору наврӯз наврасону ҷавонон буданд. Пас аз паҳн шудани хабари омад-омади баҳор мардум ба такопӯ медаромаданд.
Пеш аз ҳама мардҳо дастаҷамъона бо ҳашар ба тоза кардани ҷуйборҳо ва тамоми муҳит мепардохтанд. Ҳавлию хонаи худро, ки дар зимистон аз дуди печка сиёҳ шуда буд, тоза мекарданд. Аз хокканҳо хоки махсуси сафед оварда, ҷойҳои кафидаи даруну беруни хонаҳо ва деворҳоро андова мекарданд. Ба ин васила барои пешвози Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Ба бозор рафта бо супориши занҳои хона либосворӣ мехариданд ва баъд то рӯзи ба сайл (сайр) баромадан дӯзандаҳо либос медӯхтанд. Ҳар хонавода бардҳо барои худ ва фарзандон либосҳои нав таҳия менамуд.
Бойсун-7Дар тамоми Сурхондарё муҳити атроф, ҳавлиҳо ва ҳамчунин дарахтонро аз буттаҳои зиёдатӣ тоза мекарданд. Таги току ниҳолу дарахтҳоро пойбел карда, ба муҳити зиндагӣ таровати тозае фароҳам меоварданд. Кори ҳашару тамиз намуданро мардум бо муҳаббат ба анҷом мерасониданд. Ҳангоми кор ба якдигар ёрӣ медоданд. Мӯйсафедон низ ба ҳашар мебаромаданд, вале ҷавонон намегузоштанд, ки онҳо кор кунанд. Онҳо дар раванди корҳои омодагӣ ба пешвози Наврӯз ҷавононро роҳнамоӣ мекарданд. Масалан барои наврасон ҳангоми тоза кардани ҷӯйбор тарзи бо бел дуруст кор карданро, бо диққат буданро, задании шохҳои зиёдатии дарахтонро ёд медоданд. Яъне онҳо низ «ин тавр кун», «ин хел гир», «дар он ҷо мон» гӯён мувофиқи неруи худ ҳашариёнро роҳнамоӣ менамуданд.
Дар ин муддат занон низ аз як тараф барои ҳашарчиён хӯрок мепухтанд, барои фарзандони худ либосҳои нав таҳия менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки тамоми сарутани аҳли хонавода нав бошад. Аз тарафи дигар дегу дегдону танӯру оташдонро тамиз карда, тамоми ашёи хонаро ба берун бароварда офтоб медоданд ба истилоҳи тоҷикони Сурхондарё «хонабарорӣ» мекарданд. Кӯрпа, кӯрпача, болишт, гилем, қолӣ, сандуқ, зарфҳо ҳама чизро ба берун бароварда, шифту сақфи хонаро тамоман тоза мекарданд. Ин корҳоро дар рӯзҳо офтобӣ ба сомон расонида, дару тирезаи хонаҳоро аз пагоҳ то бегоҳ кушод мегузоштанд. Баъзе занҳои чолоку чаққон кӯрпаву кӯрпачаи худро канда, шуста, ё ҷилдашро аз нав карда, пахтаашро ба пахтазанак бурда, собачӯб зада дубора медӯхтанд. Ҳам чизҳои куҳна ва ҳам навро аз саҳар то бегоҳ ба офтоб мегузоштанд ва мегуфтанд, ки «нағзакак офтоб хӯрад». Тибқи оинҳои суннатии пешин бояд ба соли нав тозаву озода ворид шуд.
Дар гузаштаҳо шахсони камбағал чизҳи чиниворӣ ва сафолии шикастаро ҳатман ба назди қадоқчӣ бурда тармим мекарданд. Вале аксари мардум чизҳои шикастаро ба ҷарӣ бурда мепартофтанд, то дар соли нав бидуни шикаст дароянд.
Бойсун-2Дар аксари ноҳияҳои Сурхондарё солҳои пеш ба он таваҷуҳ менамуданд, ки то соли нав агар касе қарздор бошад, ҳатман қарзашро канад. Ҷанги бошад бояд оштӣ шавад. Касеро озор дода бошад, бояд бахшиш пурсад. Бо ин амалҳои нек бовар доштанд, ки одам бояд дар соли нав бидуни кинаву адоват дарояд. Ин як навъ боварӣ буд, ки фариштаҳо дар соли нав онҳоро барои зиндагии нек ҳамроҳи мекунанд.
То солҳои 60 садаи бист мушоҳида мешуд, ки пеш аз даромади Наврӯз, ё соли нав хонаводаҳо ба назди муллоҳои деҳа мерафтанд ва аз вай хоҳиш мекарданд, ки бо заъфарон дуо навишта диҳад, то дар соли нав корҳояш барор гирад. Мулло бо эҳтиёту ҳарос (чун замони Шӯравӣ буд) дар коғази нафиси тозаи ҷилодор бо заъфарон чанд дуову ояте менавишту ба шахси талабгор медод. Он шахс он коғазро гирифта ба шаби даромади соли нав ба як коса оби зулоли чашма тар мекард. Ранги об заъфарон мешуд ва аҳли хонавода бо навбат, аз он то се қулт мехӯрданд. Ин амалро ба умеди он мекарданд, ки дар соли нав дуои неки дар коғази бо заъфарон навишташуда, гӯё мадагор мешуд. Занҳои хурофотпараст талош менамудаонд, ки фарзандонашон ҳатман аз ин оби дуо бинӯшанд. Ба гуфти табибон заъфарон барои саломатии инсон муфид аст.
Яке аз оинҳое, ки дар баъзе деҳоти тоҷикони Сурхондарё ба хусус дар Бойсун вуҷуд дошт, ин аз «қишлоқ» ба «боғ» кӯчидан буд. Ин оинро дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун «боғкӯчӣ» мегуфтанд, ки то охири солҳои шаст вуҷуд дошт. Дар ин ҷо «қишлоқ» ба маънои макони зиндагии зимистонӣ, «боғ» ба мафҳуми макони зиндагии тобистонӣ аст. Баробари шукуфтани нахустин гулҳои наврӯзӣ ва расидани муждаи баҳорӣ одамоне, ки ҳавлии зимистонӣ ва боғ барои зиндагии тобистонӣ доштанд, зуд ба боғ мекӯчиданд. Онҳо аввал дар 3-4 рӯз дар боғ шароити зистро муҳайё менамуданд. Боғро ҳамаҷониба тоза мекарданд. Хонаю суфаҳояшро адова карда, барои зиндагӣ омода месохтанд. Баъд 2-3 ҳафта пеш аз Наврӯз мекӯчиданд. Кӯчидан субҳи барвақт сурат мегирифт. Сандуқу борро, ки аз гилему кӯрпаву кӯрпачаву болишту дигар чизҳои рӯзгор иборат аст ба харҳо бор мекарданд. Сипас аз чанд пора ҳезуми арча, ё хас оташеро дар остонаи дарвозаи ҳавлӣ рӯшан мекарданд. Баъд аз он ки шӯълаи оташ, ки хеле паст мешуд, бо навбат аҳли хонавода, харро бо бораш, ҳайвонҳои хонагии гову бузу гӯсфандро аз болои он мегузарониданд. То зиёну заҳмату неруҳои зараровар аз танаи онҳо дур шавад ва ҳамроҳи онҳо ба боғ, ба макони нави зиндагӣ наравад. Ин оин то охири солҳои ҳафтод дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун вуҷуд дошт. Маъмулан аксари хонаводаҳои мардуми деҳаҳои Бойсун Наврӯзро дар боғ пешвоз мегирифтанд.
Бойсун-9Тавре ки калонсолони шаҳру ноҳияҳои Тирмиз, Бойсун, Деҳнав, Сариосиё  нақл мекунанд дар солҳои пеш, аввалҳои садаи бист, субҳи барвақти Наврӯз хурду бузург ҳама, қабл аз ҳама гурӯҳ-гурӯҳ барои шод намудани арвоҳи гузаштагон ба қабристонҳо рафта дуо мекарданд. Қабрҳои хешовандонро зиёрат намуда, «ин қабри фалон», «он қабри фалон», «охирати ҳама ҳамин ҷост» гӯён байни гӯрҳо сайру гашт мекарданд. Ҳатто бовар доштанд, ки арвоҳи гузаштагон дар чанд рӯзи нав шудани сол зиндагии онҳоро аз само мебинанд, ки хешовандон онҳоро ёдовар мешаванд ё не. Барои ҳамин дар сари соли нав мардум ҳатман аввал гӯристонро зиёрат мекунанд ва баъд ба хонаи он касоне мерафтанд, ки азодор буданд. Дар баъзе ноҳияҳо аз хонаи азодор чизе намехӯранд. Пас зиёрати қабристон ва бо дуо шод намудани арвоҳи хешовандон, ки ин шояд ҳамон ёди фраварҳои замони бостон бошад, ба сайргоҳ мерафтанд. Дар рӯзи ҷашн хурду калон бо хонавода, ҷавонон бо гурӯҳи худ, духтарон бо дугонаҳояшон даст-даста мерафтанд.
Наврӯз дар Сурхондарё низ ба мисли ҷойҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар ҷашни иҷтимоӣ аст. Онҳо онро берун аз хона ҷашн мегиранд. Агар ба таърих назар намоем, Наврӯз ҳамеша ҳамин фазилати дастҷамъонаи худро гум накардааст. Дар ҳамаи деҳу ноҳияҳои Сурхондарё барои ҷашни Наврӯз мардум бо шодмонӣ ба берун, ба сайргоҳҳо, ба дашту даман, ба доманаи дараву кӯҳҳо мерафтанд. Дар баъзе ҷойҳо дар замони Шӯравӣ низ Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегирифтанд. Масалан дар деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиёи Сурхондарё Наврӯзро дар нимаи аввали садаи ХХ се рӯз ҷашн мегирифтанд (Нурджанов 2002, с.66). Дар баъзе аз ноҳияҳои Аморати Бухоро сайри мардумӣ бо номи «чорсайл» барпо мешуд, ки то солҳои чилум вуҷуд дошт. Баъдҳо сол то сол суст гашта аз байн рафт. Аммо дар деҳаҳо ба сайл баромадан боқӣ монд. Ҷашни «Чорсайл» дар минтақаҳои Сурхондарё, аз ҷумла Бойсун, низ баргузор мешуд.
Агарчи Наврӯз ҷашни мардумӣ буду дар он ҳама ба сайлгоҳ (наврӯзгоҳ) мебаромаданд, дар ҳар хонавода низ барои таҷлили ҷашн баъзе оинҳоро иҷро мекарданд. Чанде аз онро, ки то солҳои 70 садаи ХХ вуҷуд дошт ёдовар мешавем. Яке аз инҳо омодагӣ ба хони наврӯзӣ аст. Дар шаби аввали Наврӯз бояд деги ҳамаи хонавода пур бошад. Аз ин рӯ як расме бо номи «қазонтӯлдӣ» (дег пур шуд) вуҷуд дошт. Калонсолон ҳамчун бовари мардумӣ шарҳ медоданд, ки агар дар шаби даромади соли нави наврӯзӣ дег холӣ монад, яъне хонавода ҳамон шаб чизе пухта натавонад, гӯё дар давоми сол Худо ба ин хонавода ризқу рӯзии муносиб намедодааст. Боз дар байни мардум боварии дигар вуҷуд дошт, ки дар дегашон ҳатман гӯшти парандае бошад. Агар ин парандаро худашон шикор карда, шаби соли нав ба дег андозанд, гӯё корҳояшон тамоми сол пару бол бароварда иҷро мешудааст. Аз ин рӯ, мувофиқи боварҳои мардумӣ дар Бойсун, ки дар домани кӯҳ аст, ҳар хонавода кӯшиш мекарданд худаш парандаеро шикор карда, ба деги наврӯзиааш андозанд. Ин боварӣ то солҳои шаст дар байни мардум мусаллат буд. Хонаводаҳои зиёди деҳаи Пасурхӣ ин амалро анҷом медоданд. Агар шикор карда натавонанд, ки амалӣ кардани он мушкил аст, ҳатман ба деги наврӯзии худ гӯшти мурғ, кабк, бедона, ҷирҷир (номи маҳаллии парандае, ки ба майна монанд буда, рангаш сиёҳ аст) меандохтанд. Ҳамчунин дар хони наврӯзии баъзе ноҳияҳо будани оби «ҳафтмева» шарт буд. Ду-се шаб пеш аз вориди соли нав занҳо ҳафт навъ меваи хушкро ба об ҷӯшонида шарбате таҳия менамуданд, ки хушмазза буд. Аз меваҳои хушк ба монанди себқоқ, ғӯлунг, донаи бодому зардолу, мавиз, анҷир, биҳӣ, олуча истифода мешуд. Гоҳе ба ҷои як меваи хушк меваи дигар илова мекарданд, вале теъдоди меваи хушк бояд ҳатман ҳафт адад бошад.
Бойсун-6Дар ҷашни Наврӯз аз ҳама бештар кӯдакон ва наврасон хушҳол буданд. Онҳо дар сайлгоҳ машғули ҳар гуна бозӣ мешуданд. Аз ҷумла Сафедчӯбак, Сангчабозӣ, Тасмабозӣ, Бодпарак, Буҷулбозӣ, Баҷоякбозӣ, Тухмбозӣ, Зувзувак, Гӯшкашӣ, Донакбозӣ, Лойбозӣ (қарсиллоқбозӣ), Чиликбозӣ, Ланкабозӣ, Хурӯсҷанг, Сагҷанг, Қадамабозӣ, Чормағзбозӣ, Подшоҳбозӣ, Чистонгӯӣ, Меҳмонбозӣ, Қадамабозӣ, Тоқизанак, Бингина, Тезгӯяк, Қофиябозӣ, Мушоира, Байтбарак ва ғ. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъол ширкат менамуданд. Ба ғайр аз ин духтарон бозиҳои махсуси худро, ба монанди лӯхтакбозӣ (зочабозӣ), арӯсбозӣ, сангчабозӣ, меҳмонбозӣ ва ғ. доранд. Дар рӯзи ҷашни наврӯзӣ кори кулолон низ барор мегирифт. Онҳо аз лой чизҳои сафолии зебое, аз ҷумла барои хурдсолон «ушпуллак» (найи гилин ва лӯндашкал) месохтанд, ки садои хушоянд дошт. Ин хушояндиро кӯдакон дар таронаҳои худ тараннум менамоянд. Дар ноҳияи Бойсун дар рӯзҳои ҷашн ва баъд аз он кӯдакон ҳангоми паридани турнаҳо суруди зеринро месароиданд:

Ин турнаи қайроқбоз,
Мехонад ба як овоз.
То дилҳо шаванд шод,
Соли нав муборак бод!

Бойсун-8Бачаҳои хурдсол ин навъ таронаҳоро сароида ба осмон нигоҳ карда, аз дунболи парандаҳо ба ҳар тараф медавиданду шодмонӣ мекарданд.
Дар Наврӯз яке аз бозиҳои дилхушкунандаи духтарон ин алғунчак (арғунчак) буд, ки дар як гӯшаи Наврӯзгоҳ, ё дар боғҳо ба дарахти тут, зардолу ё чормағз ресмонеро баста арғунчак месохтанд, ки дар он духтарони хурду калон ва ҳатто арӯсон алвонҷ мехӯрданд. Дар чунин маврид гоҳе ҷавоне ҳангоми ба алғунчак паридани духтари хушкардааш, аз сари ӯ танга, ё ширинӣ мепошид. Ин алғунчакҳоро то солҳои 70 садаи ХХ дар боғҳо, ки ҳавз доштанд ва гирдо гирди он бедзор буд низ кашол мекарданд. Духтарон бо навбат ба болои оби ҳавз ба арғнучак чунон бо ҳавас бод мерафтанд, ки дар байнашон мусобиқа сурат мегирифт. Гоҳе ҷавонони шӯх, ки агар духтареро хуш кунанд, зимни тамошо оҳиста ба болои бед баромада ресмонро бо досткола мебуриданд. Духтар аз арғунчак ба даруни ҳавз меафтид. Албатта оби ҳавз баробари қади одам буд. Дар он касе ғарқ намешуд. Аз ин рафтор шодиву суруру ҳаёҳую шӯхӣ ҳамаҷоро фаро мегирифт.
То солҳои 70 дар Сурхондарё барои чанд хонавода як ҳавзи калон буд. Дар гирди ин ҳавзҳо бедҳои зиёд буд. Маҷнунбед намешинонанд, ки фоли бад дошт, гӯё касро ба мисли Маҷнун саргардон мекард ва ё шинондани маҷнунбед, гӯё ба хонавода ғам меовард. Ҳамин ки ҷашни Наврӯз расид духтарони хурду калон шохаҳои нарми бедро аз пӯсташ ҷудо карда, ба гесу ва кокулони мӯйҳояшон ҳамроҳ карда метофтанд. Ба тахтапушти мӯи духтарчаҳо чилкокул мебофтанд. Баъзеҳо аз духтаракон аз навдаҳои бед ва сабзаҳои даруни боғ дар шакли доира кулоҳи гулчамбар сохта, ба сари худ мегузоштанд. Ҳатто духтаракон бо ифтихор дар рӯзи ҷашн бо ҳамин кулоҳҳои доирашакл дар сар, мӯйҳои аз барги бед зинат ёфтаи тахти пушташон ба наврӯзгоҳ мерафтанд.
То солҳои шаст дар ҳар ноҳияҳо сайлгоҳи махсус вуҷуд дошт, ки дар он ҷо мардум ҷамъ мешуданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Бойсун, ки аз марказ то байни деҳаҳояш аз 2-5 то 40-50 километр аст, сайлгоҳҳои зиёд буданд.
Пеш аз шурӯи ҷашн дар макони ҷашн созмондиҳандагон омодагӣ мегирифтанд. Ҷарчӣ чанд ҳафта пеш аз ид эълон мекард, ки дар сайлгоҳ дӯкондорон, чойхоначиҳо, ҳунармандон, пазандагон, навозандагон, сарояндагон, бозингарон ҷои худро гиранд. Сайлгоҳро то рӯзи ҷашн омода мекарданд. Маъмулан сайлгоҳҳо дар доманаи теппаҳо буд, чуқурии он ба саҳнаи театр монанд буд, то ки мардуми зиёде, ки барои тамошо меомаданд, ҳунарҳои намоиширо дида тавонанд.
Дар сайлгоҳҳо мардум гурӯҳ-гурӯҳ, либосҳои нав дар тан, дар дасти баъзеҳо гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ, модарон дар сари китф бо тифлон, пирон асобадаст, ҳама бо шодиву сурур ба наврӯзгоҳ мерафтанд. Яке аз таронаҳое, ки дар байни наврасони солҳои 50-60 дар ноҳияи Бойсун машҳур буд, ин аст:

Наврӯзи навбаҳорон,
Мерем ба сайри лола.
Қумри ба оҳу фиғон.
Булбул ба оҳу нола.

Бойсун-3Замоне, ки мардум ба сайлгоҳ мерафтанд, гурӯҳе аз хурдсолон ин таронаро якҷоя замзамкунон, рақскунон месароиданд.
Дар сайлгоҳ тамошобинони хушзавқ ва маъракаоро зудтар омада, дар аз радифи пеш ҷо мегирифтанд. Дар ҳар сайлгоҳ мардумони зиёд ҷамъ мешуданд. Хурду калон меомаданд. Барои ҳама барои шодмонӣ, вақтгузаронӣ, кайфу сафо шароите муҳайё буд. Созмондиҳандагон медонистанд, ки мардум зиёд меоянд, ҷашн чанд рӯз идома меёфт. Дар давра ё саҳнаи ҷашнгоҳ ҳунарнамоиҳо шурӯъ мешуд. Маъмулан дар аввал як шахси калонсол барои нек омадани соли нав, баракати кори деҳқон, ҳосили нави фаровон дуо медод. Дар баъзе ҷойҳо бидуни дуо, якбора бо доираю карнаю сурнаю ҳунармандон ба майдон даромада, ба намоиш шурӯъ мекарданд. Аввал масхарабозону дорбозон, баъд сарояндагону раққсон, ҳамин тавр ҳар касе ки ҳунари назаррасе дошт пешкаши мардум мекард. Як лаҳзаи ҷолиб ин аст, ки дар наврӯзи солҳои пеш, то солҳои 50, баъзе ҳунармандон либосҳои махсусро аз пӯсти гург, шер, паланг таҳия намуда буданд, пӯшида ба саҳна мебаромаданд. Ин намоиши рақсии онҳо мардумро ба ҳаёҳуй оварда завқ мебахшид.
Дар гӯшаву канори сайлгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ бо бозиҳои гуногун машғул мешуданд. Масалан гӯштин, пойга, хурӯзҷангӣ, сагҷангӣ, кабкҷангӣ, бӯданабозӣ (бедонабозӣ). Дар байни хурдсолон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон тухмҷангӣ яке аз бозиҳои наврӯзӣ буд. Гоҳе бозигарони тухмҷанг ба ду даста ҷудо мешуданд. Ҳатто баъзе наврасони шӯх аз санги сафед тухме сохта дар байни тухмҳояшон мегузоштанд ва дар бозӣ тухмимурғи ҳамаро мебурданд. Агар касе бар ҳама ғолиб ояду зери шубҳа қарор гирад, ҳамчун ҷарима довар тухмҳояшро гирифта, ба бозигарони дигар тақсим мекард ва худашро дигар ба бозӣ роҳ намедод.
Аксари ин расму оинҳо то солҳои 70 ва баъзе ҳатто то 80 садаи бист дар ноҳияҳои Сурхондарё вуҷуд доштанд. Пухтани таоми наврӯзии сумалак (суманак) дар тамоми шаҳру ноҳияи Сурхондарё то ба имрӯз дастаҷамъона сурат мегирад. То нимаи аввали садаи ХХ ҳангоми пухтани сумалак иштироки мардҳо қатъиян манъ буд. Ҳоло ҷавонон ва мардҳо низ барои кофтани дег ширкат менамоянд. Дар Сурхондарё барои омода кардани шираи сумалак чанд рӯз пеш аз даромади Наврӯз омодагӣ мегиранд. Маъмулан сумалакро бо ду тарз мепазанд. Яке хонаводае ҳамаи харҷи сумалкро бар ӯҳда гирифта ҳамроҳи ҳамсоюву хешовандон бо базми наврӯзӣ пухта, баъд онро тақсим мекунад, то аз Худо савобе барояш расад. Дар байни занҳои мардуми Бойсун, Деҳнав, Сариосиё чунин боваре аст, ки пухтани сумалак ва тақсим кардани он савоби зиёд дорад. Чунки сумалак оши бибиҳое (фариштаҳо) аст, ки онҳо дар арафаи Наврӯз ба ёрии мардум меоянд ва ба назар намоён нестанд. Агар касе тамоми хароҷоти сумлакро ба ӯҳда гирифта онро пухта тақсим кунад, фариштаҳо дар ин дунё ва дар он дунё ҳамеша ҳамдамаш мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар сол баъзе занҳо, чанд моҳ пеш бо нияти нек ба надиконашон хабар медиҳанд, ки имсол пухтани сумалак навбати ман аст.
БойсунДигар ин аст, ки гурӯҳи занҳо аз ҳафт хонавода гандум гирифта сабзаи суманкаро сабз мекунанд ва баъдан боз аз ҳамон ҳафт хонавода орд мегиранду сумлакро пухта ба атрофиён тақсим мекунанд. Дар Бойсун суманак бояд то 14 соат пазад. Занҳо ба ин бовар буданд, ки дар ҳафт соати аввал шираи сумалак ҷӯшида, зери таъсири он фариштаҳо аз осомон мефароянд. Дар ҳафт соати баъд гӯё фариштаҳо то пухтани суманак ба сари дег омада меистанд. Аз ин рӯ, то пухтани суманак, ки оши бибиҳои фаришта аст, онро бояд посбонӣ кард. Барои ҳамин занҳо хоб нарафта бо навбат дегро мекобанд ва дар гирди дег рақсу бозиву сурудхониву шӯхӣ мекунанд ва нақлу ривоятҳо мегӯянд. Баъзеҳо то пухта ва тақсим кардани сумалак хоб накарданро риоят менамоянд. Вале дар баъзе ҷойҳо агар занҳо хоб кардан хоҳанд, ҳатман то тақсим кардани суманак, онро бо навбат посбонӣ мекунанд.
Тамоми мардуми Сурхондарё имрӯзҳо Наврӯзро дар ҷойҳои махсуси ҷамъиятӣ дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, деҳаҳо бо тантана баргузор менамоянд. Дар Наврӯз ҳама – хурду бузург, зану мард, духтару писар хушҳолӣ мекунанд. Дар ин рӯзҳо ба мисли солҳои пешин ба навхонадорон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Хешовандон тарафи домод ба арӯсшавандаҳо, ё наварӯсон идӣ мебаранд. Ҳар хонавода мувофиқи завқи худ барои навхонадорон, духтарони мавриди назарашон, арӯсшавандаҳо, ё домодшавандаҳо чизҳои ороишӣ, атриёт, курта, ширинӣ, нонҳои махсуси равғанӣ, фатиру қаллама, самбӯса, палов ва монанди инро мебаранд.
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳам дар гузашта, ҳам имрӯз баробари суруду рақсу дигар шодмониҳо аскиягӯӣ, мушоира, масхарабозӣ вуҷуд доранд. Имрӯзҳо Наврӯз дар тамоми минтақаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон низ аз тарафи давлат ташкил шуда, бо суруда тарона, рақсу бозӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ороиши дастрхони беҳтарин, нишон додани ҳунарҳои халқӣ ва ғайра ба мардум шодиву сурур  мебахшад ва барои пайванди бештари тоҷикону ӯзбекон нақши арзишманд дорад.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

Март 23, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид