Таъиноти кадрӣ

Март 31, 2017 15:21

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Шариф Файз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммадзода Маъруф — раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Набизода Наим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод ва Иноятзода Баҳром — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин гардид.

Март 31, 2017 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд