Татбиқи лоиҳаи «Кумак бо пули нақд» дар Наи Зираки Норак

Март 17, 2017 11:03

ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх /КБСС / дар Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштан ва тақвияти иқтидори бахшҳои минтақавии Ҳилоли Аҳмар ба татбиқи лоиҳаи «Кумак бо пули нақд» шурӯъ кард. Яке аз аввалин кумакгирандагони ин лоиҳа аҳолии деҳаи Наи Зираки шаҳри Норак мебошанд. Деҳаи Наи Зирак дорои 45 хоҷагӣ ва наздик ба 500 нафар сокин буда, аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Сокинони ин деҳа оби нӯшокиро асосан аз дарё, ки дар масофаи 10-12 км воқеъ аст, мекашониданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кумак бо пули нақд» аз кӯҳ ба деҳа дар масофаи 7 км қубури об кашонида шуда, ҳамзамон обанбори тақсимкунандаи об барқарор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки аҳолии деҳа дар бунёди хати обгузар саҳми худро гузоштанд. Онҳо се зарфи калони захираи обро дастрас намуда, дар деҳа гузоштанд, ки ҳар яке аз он ба қубури об пайваст аст.
Дар ин росто Абдураҳмон Гулов, раиси ҷамоати деҳоти Наи Зирак мегӯяд: «мо на танҳо соҳиби об шудем, балки бо фаъолияти якҷоя баҳри беҳдошти шароити сокинони деҳотамон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз саҳми муносиб гузоштем». Мавсуф афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо аҳли деҳот мироб интихоб мекунем, то барои ҷамъ намудани ҳаққи истифодаи об ва дар шароити хуб нигоҳ доштани шабакаи обрасонӣ мусоидат намояд.

Март 17, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа