ТВ «Варзиш» яксола шуд! Мақсади асосии ташкили телевизиони «Варзиш»-тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим
Ҳадаф аз таъсиси шабакаи давлатии телевизионии «Варзиш» муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол сипарӣ гардид. Ин се муассисаи воситаҳои ахбори омма дар тӯли як соли фаъолияти худ тавонистанд дар мавқеи иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд. Бо мақсади иттилои бештар оид ба бурду бохт ва фаъолияти яксолаи Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Парвиз Норов, муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» хамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Инак аз таъсиси Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» як сол сипарӣ гардид. Дар ин як сол шумо чӣ бурду бохт доштед?
Парвиз Норов: Тавре ба ҳамагон маълум аст, Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» 1 марти соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма ба фаъолият оғоз намуд.
Дар тӯли як соли фаъолияти худ муассисаи мо ҳамчун як шабакаи нави телевизионии ватанӣ гарчи таҷриба надошт, тавонист як қатор корҳоро ба сомон расонад, ки то кунун дар таърихи телевизиони Тоҷикистон ба назар намерасид. Аз ҷумла мо тавонистем ҳуқуқи пахши расмии мусобиқаҳои байналмилалиро, аз қабили чемпионатҳои футболи қитъаи Аврупо, Англия, Испания, Италия ва Олмонро ба даст оварем. Ҳамзамон мо бори аввал дар таърхи шабакаҳои ватанӣ ҳуқуқи пахши расмии бозиҳои олимпӣ ва акредитатсияи ду хабарнигори муассисаамонро расман ба даст овардем, ки онҳо ба тамоми он варзишгоҳҳо ва манотиқе, ки бозиҳои олимпии 31-уми тобистонаи соли 2016 баргузор гардиданд ҳуқуқи иштирок ва инъикосро пайдо намуданид. Далели ин гуфтаҳо дар он аст, ки мо ду хабарнигори ТВ «Варзиш»-ро ба шаҳри Риё де Женейрои Бразилия, ки дар онҷо бозиҳои олимпӣ баргузор гардид сафарбар намудем ва ҳамарӯза муддати баргузории бозиҳои мазкур наздик ба 20 соат пахши мустақимро бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондем. Фикр мекунам ин яке аз комёбиҳо ва дастовардҳои шабакаи навтаъсиси мо дар соли аввали фаъолиятамон мебошад.
АМИТ «Ховар»: Мақсади ташкили шабакае бо номи «Варзиш» дар чӣ буд ва имрӯз ин шабака миёни тамошобинони худ чӣ гуна мавқеъ дорад?
Парвиз Норов: Яке аз мақсадҳои асосии ташкил намудани Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»- ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим буд. Шабакаи мазкурро мо дар формати HD манзури тамошобинон гардонидем, ки дар як муддати кӯтоҳ мухлиси худро пайдо намуд. Бояд хотиррасон намоям, ки шабакаи «Варзиш» ба моҳвора пайваст аст ва географияи тамошобинони он хеле фарох аст. Ҳамзамон яке аз ҳадафҳои дигаре, ки мо дар пеши худ мақсад гузоштаем-ин тарғиб намудани намудҳои варзиши олимпӣ буд. Ин боис гардид, ки пахши бозиҳои олимпиро дастрас ва пешкаш намудем ва умед дорем, ки ба мухлиси тоҷик, ки ташнаи дидори ин бозиҳои буд, каме ҳам бошад ташнагии онҳоро шикастем. Боиси ифтихор аст, ки мо дастоварди таърихии Дилшод Назаров, аввлин варзишгари тоҷик, ки медали тиллои бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпиро дар Риё де Женейро ба даст овард, мустақиман пешкаши мухлисон намудем. Дар ин мавсим қаноатмандии мо аз кори худ дар он аст, ки зимни аз шабакаи мо мустақиман пешкаши тамошобинон гардидани дастоварди Дилшод Назаров баъзе табрикоту таманниёти мухлисон ба мо ирсол гардиданд, ки мо аз ин хеле ифтихор менамоем.
АМИТ «Ховар»: Чанд сару садое пайдо шуд, ки гӯё кормандони шабакаи шумо ба ҳар гуна хатогиҳои имлоӣ роҳ медиҳанд. Барои аз байн бурдани чунин норасоиҳо чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
Парвиз Норов: Вақте ки мо дар раванди таъсис ва ташкили корҳои кушодашавии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» будем, аввалин мақсади мо ҳамин буд, ки дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳаро ба кор ҷалб намоем. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ба мо маълум гардид, ки мактаби журналистикаи варзишӣ дар Тоҷикистон хеле заиф аст. Он нафароне, ки мо ба кор қабул намудем миёни онҳое, ки дар озмунҳо иштирок намуданд беҳтаринҳо буданд, лекин на он беҳтарине, ки ба талаботи мо ҷавобгӯ бошанд. Мо дар моҳҳои аввали фаъолияти шабака бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ натанҳо барои шореҳон, балки ба мутахассасони соҳавӣ аз ҷиҳати техникиву эҷодии онҳо мутахассисони хориҷиро ҷалб намудем, ки каме ҳам бошад дарсу мубодилаи таҷрибаву дониш намоянд. Новобаста аз он, ки онҳо дар ин озмоишҳо иштирок намуданд, лекин ҳоло ҳам ба бисёр хатогиҳо роҳ медиҳанд, ки ин натанҳо хоси шабакаи мо мебошад. Ҳатто мо инро дар шабакаҳои пуртаҷрибаи дигар давлатҳо низ мушоҳида мекунем, ки хатогиҳои имлоиву талаффуз ва истифодаи задаҳо мавҷуданд. Аз ин сабаб мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳар ҳафта ва дар як муҳлати муайян аз болои ин хатогиҳои мутахассисони худ бо онҳо кор кунем ва роҳи дурусти талаффузи имло ва тарзи дурусти гуфтору пешкаши дурусти гузоришҳоро ба онҳо фаҳомонем ва омӯзонем.
АМИТ «Ховар»: Дар тӯли як соли фаъолияти худ барои беҳ гардидани кори телевизиони «Варзиш» чӣ чораҷӯӣ карда шуд?
Парвиз Норов: Дар тӯли як соли кори худ ва шабакаи «Варзиш» кӯшиш намудем, ки каме таҷриба пайдо кунем ва ҳоло барои бозҳам наздиктар гардидан бо мухлисони худ бо вуҷуди он ки намудҳои гуногуни варзишро аз қабили, гӯштингирӣ, бокс, волейбол, баскетбол ва дигар намуди бозиҳо боз якчанд барномаҳои хосаро ба роҳ мондем. Тавре зикр кардем хатогиҳои имлоӣ оид ба талаффузу терменҳои варзишӣ мавҷуд буд, мо барои ислоҳ ва баҳсу муайян намудани тарзи дурусти талаффузи имло барномаи махсусеро бо номи «Вожаварз» ба роҳ мондем, ки тариқи ин барнома бо мухлиси худ бо мутахассисони соҳаҳои забон ва варзиш дар тамос шуда, тарзи дурусти талаффузи калимаҳои имлоиро ба роҳ мондем. Якчанд барномаи «Вожаварз» пешкаши тамошобинон гардид ва ба мо маълум гардид, ки ин хело мавзӯи серталаби ҷомеаи мо будааст. Дар ин раванд барои боз ҳам наздиктар гирдидан бо мухлисони худ як барномаи дигарро бо номи «Иртибот» мустақиман пахш намуда истодаем, ки дар он масъалаҳои муҳими варзишии рӯзро баррасӣ намуда, бо мухлиси худ дар тамос мешаваем.
АМИТ «Ховар»: Дар телевизиони «Варзиш» пахши барномаҳо чӣ гуна роҳандозӣ шудааст ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
Парвиз Норов: Мо дар як рӯз тақрибан 3-4 соати барномаҳои эфириямонро мустақиман пахш мекунем, зеро мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, баскетбол ва амсоли ин ҳамарӯза бисёранд ва кӯшиш менамоем, ки барномаҳои такрории худро танҳо як маротиба, масалан як бозии футбол агар ҳамин рӯз баргузор гардад, танҳо беҳтарини онро як маротиба рӯзи дигар такроран пахш менамоем. Барномаҳои муаллифӣ низ ба ҳамин монанд агар имрӯз пахш шуд танҳо як маротибаи дигар рӯзи дигар такроран пахш мешавад. Тӯли таҷрибаи яксолаи худ мо бисёртар ба пахши гузоришҳои мустақим такя намуда будем ва дар оянда ният дорем, ки барномаҳои муаллифии худро зиёдтар намуда, ба пахши намудҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ муаррифгари Ватан, миллат ва варзишгарони халқи худ бошем.
Шукӯҳи ДАЛЕР