Ванҷ рӯ ба саноат меорад
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кашфи захираи бузурги мармар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ ва шурӯи коркарди он гоми муҳим дар саноатӣ гардидани ноҳия мегардад. Сокинон ва мусофирони роҳи Душанбе — Хоруғ ба ин атои худовандӣ- кӯҳи мармари чун намак сафед, ки захираҳои он барои садсолаҳои оянда басанда аст, бо камоли шавқ ва таҳайюр назар мекунанд. Бо мақсади суфта намудани мармар ва тайёр кардани маҳсулот аз он дар ноҳия корхонаи коркарди мармар ба кор дароварда шуда, бо технологияи итолиёвӣ муҷаҳҳаз гардид.
Мармари Ванҷ зуд дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шўҳрат пайдо намуд. Вале боиси таассуф аст, ки дар замони шӯравӣ мармар асосан бо роҳи тарконидан барои коркард гирифта мешуду партов хеле зиёд буд. Хушбахтона, ҳоло санги мармар бо усули буриш ва тозаву бепартов истихроҷ ва истифода мешавад. Аввал ин корро ширкати эронӣ сар кард, вале айни ҳол дар кони мазкур пурра мутахассисони ватанӣ ба кор машғуланд. Дар ноҳия якчанд кони мармар кашф шудаанд, ки ҳар кадомашон ранг ва хусусиятҳои хоси худро доранд. Мармари ҷамоати деҳоти Водхуд агар мисли барф сафед ва сахту мустаҳкам бошад, пас мармари Пойи мазор асосан ранги ҷигарӣ дошта, нармтар аст.
Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ба корхонаи коркарди санги мармари ноҳия ҳам зарбаи сахти иқтисодӣ расонд. Вале боиси хушнудист, ки солҳои охир бо кўшиш ва кумаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватаниву ҷалби сармояи хориҷӣ ҳаҷми коркард ва истифодаи мармар афзоиши бештар пайдо мекунад. Дар як соли гузашта ҶДММ «Ҷаҳонгир» аз мармар ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ маҳсулот ва ҶДММ «Мрамор стоун» ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ хокаи мармар истеҳсол намуданд. Дар оянда дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ба кор андохтани корхонаҳои хурди мармар дар назар аст ва кони мармари ҷамоати деҳоти Водхуд имконияти пурра бо ашёи хом таъмин намуданашонро дорад. Чанд соли охир талабот ба хокаи мармар ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар зиёд шудааст. Бо омехтаи ин хока биноҳоро андова мекунанд, ки ҳам девор мустаҳкамтар мегардаду ҳам ба худ намуди зеботар мегирад. Бо ин мақсад тамоми партовҳои санги мармарро ронандагон аз шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ харид ва ба соҳибкороне, ки аз хокаи мармар маҳсулот истеҳсол мекунанд, барои фурӯш пешниҳод менамоянд. Нархи як тонна партови мармар ва ё сангҳои сафед, ки дар маҳалҳои атрофи кон зиёданд, ба 80 сомонӣ расида, ҷамъоварӣ ва фурўши он ба як василаи даромад барои ҷавонони маҳаллӣ табдил ёфтааст.
Ба ҷуз санги мармар дар ҷамоати деҳот корхонаҳои шағалбарорӣ, тавлиди блок ва хишт фаъолият дошта, талаботи ниёзмандонро бо ин намуди масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин месозанд. Корхонаи хишти «Лангар» чанд сол боз масолеҳи хушсифатро дастраси ширкатҳои сохтмонӣ ва харидорони инфиродӣ дар вилоят мегардонад. Соли гузашта ин корхона ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Айни ҳол дар корхона 48 ҳазор дона хишти тайёр мавҷуд буда, бинои мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, кохи фарҳанг ва бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии рақами чорум, ки дар маркази ноҳия сохта мешаванд, имкон доранд аз ин масолеҳи арзону босифати маҳаллӣ истифода баранд.
Ҳамунин дар ҳудуди ҷамоати деҳот шароити табиии мусоид барои таъсиси корхонаи семент мавҷуд буда, корҳои омодагӣ барои бунёди он идома доранд ва сокинон бовар доранд, ки бо бунёди чунин корхонаҳо ноҳия батадриҷ ба як минтақаи саноатӣ табдил меёбад.
Ҷамоати деҳот дар чорроҳаи масири тиҷоратии Душанбе-Хоруғ– Мурғоб — Қулма ҷойгир буда, чунин мавқеият ба ҳаёти иқтисодии он бетаъсир намемонад. Вобаста ба зиёд будани ҳаракати нақлиёт дар ин ҷо соҳаи хизматрасонӣ низ рушд намуда, аз ҷониби соҳибкорон ошхонаву меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ бунёд ва дар хизмати ронандагону мусофирон қарор дода шудаанд.
Аҳолии ҷамоат аз ҳисоби хонаводаҳои деҳаи тозабунёди Ваҳдат, ки чанд сол қабл барои зарардидагон аз зилзила сохта шуд, зиёд мешавад ва хонаводаҳо ҳарчӣ бештар барои истиқомати муқимӣ ин мавзеъро ихтиёр мекунанд. Шумораи хонаводаҳо дар ҷойи нав ба 64 оила расидааст. Фаъолияти бозори марзӣ, ки ҳадафи он мусоидат ба тиҷорати марзӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ба ин васила коҳиши сатҳи камбизоатии сокинони деҳоти марзии кишварҳои ҳамҷавор мебошад, ба тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ равнақ бахшида, дар ин ҷо рўзҳои муайян байни сокинони ду тараф табодули молу коло сурат мегирад.
Тавре маълум аст, боғдорӣ ва зироаткорӣ дар ноҳия босуръат рушд мекунанд ва даромад аз фурўши маҳсулоташон қисмати зиёди буҷаи хонаводаҳоро пур месозад. Дар ноҳия аз ҳама пеш зироату мева дар деҳоти Водхуд мепазад ва дар содир намудани маҳсулот ба бозор кишоварзони ҷамоат сермаҳсулу пешсафанд. Ният дорем, ки бо кумаки соҳибкорон сехи хурди коркарди меваву сабзавотро дар ҳудуди ҷамоат бунёд кунем. Дар ҷамоати деҳотамон 345 хонавода зиндагӣ доранд ва агарчӣ аз лиҳози ҳудуд ва аҳолӣ кучактарин дар ноҳия ба шумор раванд ҳам, аммо қисмати зиёди ин намуди маҳсулотро дар бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғ сабзавоткорону боғдорони ҷамоати мо таъмин мекунанд.
Таҷдиди роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳаёти иқтисодии сокинони ҷамоат ва ноҳияро боз ҳам беҳбуд мебахшад. Ҳамчунин хати баландшиддати барқи ширкати «Помирэнерҷӣ» то деҳоти Язгулом расида, пас аз чанде дар ҳудуди ҷамоат ба шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ мепайвандаду дар заминаи беҳтар гардидани умури барқрасонӣ фаъолияти истеҳсолӣ боз ҳам бештар рушд мекунад.
Авзалшо НАЗРИШОЕВ,
Раиси ҷамоати деҳоти Водхуди
ноҳияи Ванҷи ВМКБ