1500 сомонӣ ҷарима барои пинҳон доштани душаҳрвандӣ
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ«Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки ҳангоми интихоб ё таъйин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатӣ иттилоотро оид ба доштани душаҳрвандӣ пинҳон медоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд ва аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 1000- 1500 сомониро ташкил медиҳад, ҷарима мегарданд.
Дар ин росто, 12 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид намуданд.
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ин тағйироту илова ба моддаи 501-и Кодекс мазмуни зерин илова гардидааст: «Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад».
Бояд тазаккур дод, ки таъйин кардани ҷарима нисбат ба шахсоне, ки ҳангоми интихоб ва таъйинашон ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатӣ иттилоотро оид ба доштани душаҳрвандӣ пинҳон медоранд, дар ҳолест, ки ҳафати гузашта палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда буд.
Тибқи он минбаъд нафароне ба ҳайси раис, муовини раис, роҳбари дастгоҳ ва сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва нафароне, ки дорои шаҳрвандии дигар давлатанд, ҳуқуқ надоранд дар мақомоти гумурки кишвар фаъолият намоянд. Ҳамзамон моҳи ноябри соли 2016 Маҷлиси намояндагон ба ду Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуда буд, ки тибқи он минбаъд дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд. Бояд тазаккур дод, ки дар фазои собиқ кишварҳои Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо Федератсияи Россия Созишномаи душаҳрвандиро ба имзо расонидааст.
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул шуд, ки ҳадафи он содда гардонидани меъёрҳои қонун, беҳтар намудани сифати санадҳои меёрию ҳуқуқӣ, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ ва такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда арзёбӣ гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






