1500 сомонӣ ҷарима барои пинҳон доштани душаҳрвандӣ

Апрель 12, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ«Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки ҳангоми интихоб ё таъйин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатӣ иттилоотро оид ба доштани душаҳрвандӣ пинҳон медоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд ва аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 1000- 1500 сомониро ташкил медиҳад, ҷарима мегарданд.
Дар ин росто, 12 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид намуданд.
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ин тағйироту илова ба моддаи 501-и Кодекс мазмуни зерин илова гардидааст: «Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад».
Бояд тазаккур дод, ки таъйин кардани ҷарима нисбат ба шахсоне, ки ҳангоми интихоб ва таъйинашон ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатӣ иттилоотро оид ба доштани душаҳрвандӣ пинҳон медоранд, дар ҳолест, ки ҳафати гузашта палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда буд.
Тибқи он минбаъд нафароне ба ҳайси раис, муовини раис, роҳбари дастгоҳ ва сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва нафароне, ки дорои шаҳрвандии дигар давлатанд, ҳуқуқ надоранд дар мақомоти гумурки кишвар фаъолият намоянд. Ҳамзамон моҳи ноябри соли 2016 Маҷлиси намояндагон ба ду Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуда буд, ки тибқи он минбаъд дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд. Бояд тазаккур дод, ки дар фазои собиқ кишварҳои Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо Федератсияи Россия Созишномаи душаҳрвандиро ба имзо расонидааст.
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул шуд, ки ҳадафи он содда гардонидани меъёрҳои қонун, беҳтар намудани сифати санадҳои меёрию ҳуқуқӣ, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ ва такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда арзёбӣ гардид.

Апрель 12, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад