185 нафар занону духтарони хонанишин дар марказҳои ҳунарҳои дастии Гулистон соҳиби касб шуданд
ХУҶАНД, 17.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ баҳри рушди ҳунарҳои дастии бонувони ҳунарманд, аз қабили кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ ва алочабофӣ диққати махсус дода мешавад. Давоми чанд сол аст, ки ин тадбир дар ҷамоатҳои шаҳри Гулистон низ хуб ба роҳ монда шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳоло дар шаҳр 6 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ амал доранд, ки дар онҳо 18 дастгоҳи адрасбофӣ, 21 дастгоҳи қолинбофӣ (5 калон ва 16 хурд) ва 6 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ин марказҳо аз ҷониби омӯзгорон-ҳунармандони ботаҷриба пайваста ба ҷавондухтарону занони бешуғл ҳунарҳои дастӣ омӯзонида мешаванд.
То кунун дар ин марказҳо 185 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби касбу ҳунар гардиданд.
Дар ин замина, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон дар шаш маркази амалкунандаи ҳунаромӯзии шаҳр аз ҷониби занону духтаракони ҳунарманд 250 метр адрас ва 14 калобаи 100-метра, 14 метр гарданбанди занона, 6 қолинча ва 25 метр алоча омода карда шудаанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






