7 апрел-Рӯзи байналмилалии саломатӣ: шиори имсолаи он — «Депрессия: биёед гуфтугӯ мекунем!»

Апрель 7, 2017 12:50

ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз  соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана ҳамасола ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, имсол   таҳти   шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!»   доир мегардад.
Тавре ки  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бахшида ба ин рӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон 8 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо иштироки  устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ҷамъомади ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешавад.
Дар доираи ҳамоиши мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавии аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар корҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.  Ҳамзамон аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.
Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 300 миллион  нафар   бо депрессия, яъне афсурдаҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин шумора аз соли 2005 то 2015 то ба 18% боло рафтааст.  Афсурдаҳолӣ як ҳолате мебошад, ки   ба инсон зарар мерасонад яъне қобилияти кории ӯро кам мекунад ва  ба қобилияти зеҳнии инсон таъсири  худро мерасонад.
Дар ин ҳолат Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ   пешниҳод мекунад, ки  нисбат ба ин  мушкилот  бештар дар   байни оила, корхона,   мактабҳо  ва ҷавонон   машваратҳо гузаронида шаванд.

Апрель 7, 2017 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид