77,4 дарсади довталабони вилояти Хатлон барои имтиҳонҳои дохилшавӣ сабти ном шудаанд
ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2017-2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, то 20 апрели соли равон 38 ҳазору 639 нафар довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро ба қайд гирифтаанд, ки 77, 4 дарсади хатмкунандагони вилоятро ташкил медиҳад.
Инчунин зикр гардид, ки имсол муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро 49 ҳазору 898 нафар хонандагон хатм мекунанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






