Абдураҳмон Муҳаммад: «Аз ҳадди эътидол гузаронидан ва ба ифрот расонидани демократия озодии мардумонро маҳдуд менамояд ва боиси анархия мешавад»

Апрель 8, 2017 13:33

Озодии судманд он бошад бас,

К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас   

 

ДУШАНБЕ, 08.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Демократия аз калимаи юнонӣ (demos-халқ, kratos-ҳокимият) гирифта шуда, маънояш ҳокимият дар дасти халқ аст. Дар асоси маълумоти таърихӣ — инкишофёбӣ ва тағйирёбии демократия ба ҳадди инкишофи ҷамъият алоқаманд аст. Яке аз навъҳои таърихии демократия дар давраҳои атиқа пайдо шудааст, ки он демократияи Афинаи Қадим мебошад. Баҳси  демократия ва демократикунонии ҷомеа зиёда аз ду  ҳазор сол инҷониб давом дорад. Вақте ба таърих назар мекунем, мебинем, ки дар аҳди қадим низ демократия маъноҳои хеле зиёдро ифода менамудааст ва чунин гуногунмазмунӣ то имрӯз ҳам  идома дорад. Дар робита ба ин мавзӯъ бо сиёсатшиноси маъруфи кишвар, профессор Абдураҳмон Муҳаммад ҳамсуҳбат гардидем.

АМИТ «Ховар»: Оё дар ҳақиқат мо демократияро дар фаҳмиши имрӯзааш ҳокимияти халқ гуфта метавонем ва мазмуни этимологии ин мафҳум  муҳтавои  демократияи муосирро ифода карда  метавонад?

Абдураҳмон Муҳаммад: Вақте ки мо бо таълимоти олимони итолиявӣ М. Гаэтано ва В. Парето шинос мешавем, ҳеҷ гоҳ демократияро ҳокимияти халқ гуфта наметавонем. Бояд гуфт, ки  мазмуни этимологии ин мафҳум  муҳтавои  аслии демократияи муосирро ифода карда  наметавонад. Худи мафҳумҳои «демос» ва «кратос» ҳанӯз дар аҳди қадим низ маъноҳои хеле зиёдро ифода менамуданд ва чунин гуногунмазмунӣ то имрӯз  идома дорад.

Дар замони муосир  ҳарчанд демократия ба таври васеъ паҳн гардида, эътироф шудааст, ҳанӯз ҳам шумораи ками аҳолии курраи замин дар шароити ин навъи идоракунӣ умр ба сар мебаранд. Бояд таъкид кард, ки аз ҳадди эътидол гузаронидан ва ба ифрот расонидани  арзишҳои демократӣ ҳамеша мавқеъ ва озодии  мардумонро  маҳдуд менамояд ва ба анархия мебарад.  Дар як қатор давлатҳои дунё  демократия ба таври  зоҳирӣ аз мавҷудияти худ дарак дода, дарвоқеъ,  он воситаи мустаҳкам нигоҳ доштани ҳокимияти авторитарӣ ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»: Баъзан дар шароити як қатор давлатҳо шаклҳои мухталифи идоракунии демократӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат ҷавобгӯ буда наметавонанд ва бинобар ин зуд рӯ ба таназзул мениҳанд. Боз ҳастанд кишварҳое, ки  бо баҳонаи паҳн кардани демократия дар  мамлакатҳои дуру наздик   ҳадафҳои дигари худро  доранд. Дар ин маврид Шумо чӣ назар доред?

Абдураҳмон Муҳаммад: Солҳои охир дар раванди дигаргуниҳои   ҷомеа   баъзе кишварҳо  бо баҳонаи   ҳимояи  озодӣ ва демократиякунонӣ  ба  корҳои дохилии  дигар  давлатҳо дахолат намуда, вазъи  ҷомеаро   ноором  намудаанд. Тасаввур  намоед, ки   ба  воситаи   инқилобҳои рангоранг аз байн бурдани  сарварону оромии як қатор кишварҳо ба он оварда расонид, ки  акси  чунин  тартиби  демократикунонӣ тамоми кишварҳои Аврупоро бо дигар  шаклу мазмун фаро гирифт. Мувофиқи қоидаи «бумеранг» ба кишварҳои  аврупоӣ гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷирону мардумони хонабадӯши қасосгиру  ифротӣ ворид гардидаанд, ки дигар назарияи демократияи аврупоӣ ба онҳо ҷавоб гуфта наметавонад.

Анархия

АМИТ «Ховар»: Имрӯз кадом омилҳо  гузариш ба ҷомеаи демократӣ ва рушду инкишофи онро имконпазир мегардонанд ва устуворию самаранокии демократия аз чӣ вобаста аст?

Абдураҳмон Муҳаммад: Коршиносон  дар асоси таҳлил ва муқоисаи нишондодҳои зиёди оморӣ як қатор заминаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва омилҳои хориҷии демократияро мушаххас намуда,  раванди демократикунонии ҷомеаро ба се марҳилаи асосӣ-либерализатсия, демократизатсия ва консолидатсия ҷудо менамоянд.

Либерализатсияи ҷомеа раванде мебошад, ки дар заминаи он бори аввал  як қатор озодиҳои шаҳрвандӣ амалӣ карда мешаванд, аммо дастгоҳи идорӣ дар ин марҳила ҳанӯз бетағйир боқӣ мемонад. Режими сиёсии ҷомеа агар авторитарӣ бошад, он оҳиста-оҳиста мавқеи худро тағйир медиҳад, пайдоиши оппозитсия ба мушоҳида мерасад ва гуногунандешии сиёсӣ низ аз пайдоиши худ дарак медиҳад. Маҳз ба хотири гирифтани пеши роҳи низои иҷтимоию сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои ҳукмрон маҷбур мегарданд, ки дар бораи қоидаҳои асосии рафтори сиёсӣ бо гурӯҳҳои  мухталиф  созишнома банданд ва риояи онро барои ҳама ҷониб ҳатмӣ гардонанд. Чунин ҳолат оғози раванди демократизатсия мебошад, ки дар ибтидои ин марҳила институтсионализатсия, яъне пайдоиши институтҳои нави сиёсӣ оғоз мегардад.

Дар ин марҳила як қатор ҷонибҳо аз меъёрҳои мавҷудаи худ бинобар сабаби ҳимоя нагардидани манфиатҳояшон даст мекашанд. Аммо меъёри «эҳтиром намудани норозигии ҷонибҳо» аллакай иқтидори асосии демократия мебошад, ки дар созишнома ҷой дода шудааст. Агар чунин фазо ба вуҷуд омада бошад, марҳилаи ниҳоии демократизатсия, яъне легитимизатсияи созишномаи ҷамъиятӣ оғоз мегардад. Дар ин марҳила аллакай консерваторон ва реформаторон пайдо мегарданд. Дар зери таъсири муборизаи онҳо гурӯҳҳои нав бо номи марказгароҳо пайдо мешаванд, ки мавқеи ҳеҷ яке аз онҳоро эътироф наменамоянд.

АМИТ «Ховар»: Демократия  маҷмӯи ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсад ва идеалҳои демократӣ  мебошад. Ҳаракатҳои мазкур аввалин маротиба дар куҷо ва бо кадом мақсад ба вуҷуд омадаанд?

Абдураҳмон Муҳаммад: Ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ аввалин маротиба дар Аврупо барои ба даст овардани баробарҳуқуқии оммаи заҳматкаш ва аз истисмор озод гардонидани онҳо ба вуҷуд омада, марҳила ба марҳила шумораи пайравонашон зиёд гардидааст. Дар замони муосир ҳаракатҳои демократӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд. Пеш аз ҳама, сотсиал-демократҳо, демократҳои христианӣ, ҳаракатҳои сотсиалистии муосир ва монанди инҳоро ба ин гурӯҳ дохил намудан мумкин аст.

Ба маънои дигар, демократия ҷаҳонбиние мебошад, ки он ҳамчун низоми муайяни арзишҳо ва идеалҳои сохтори ҷамъиятӣ муаррифӣ мегардад. Ба идеалҳои арзишманди ҷамъиятӣ чунин арзишҳо, ба монанди озодӣ, баробарӣ, ҳуқуқи инсон, истиқлолияти халқ ва монанди инҳо дохил мегарданд. Чунин шакли идоракунӣ дар шароите амалӣ мегардад, ки дар он ҳокимияти аксарият дар доираи маҳдудиятҳои конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳуқуқҳои аққалият барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсӣ, аз ҷумла, озодии сухан ва озодии виҷдон ба воситаи қонун кафолат дода мешавад. Чунин шакли идоракунӣ дар адабиёти илмӣ демократияи либералӣ ва ё демократияи конститутсионӣ номида шудааст.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Апрель 8, 2017 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»