Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ: «Ваксинагузаронӣ натиҷаовар аст!»
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола аз 24 то 27 апрел бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии (БМА) Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси БМА ТУТ-ро дастгирӣ намуда, ҳар сол аз 24 то 30 апрели соли 2017 дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи аврупоии эмкунӣ мегузаронад. Ин гуна чорабиниҳо баҳри тарғибу ташвиқи иммунопрофилактика ҳамчун усули самарабахш ба пешгирии бемориҳои сироятӣ равона карда шудаанд.
Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 24 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома оид ба «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Саида Умарзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин барномаи муҳими соҳаи тандурустӣ ҳамасола бо ташаббуси БМА ТУТ гузаронида мешавад. Ҳамасола мавзӯи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гуногун буда, соли ҷорӣ он ба мавзӯи «Ваксинагузаронӣ натиҷаовар аст!» бахшида шудааст.

Игор Поканевич, сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки гузаронидани Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ барои ҷалби диққати аҳолӣ ба эмгузаронӣ ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандаи инсон аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Мақсади Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия- ҳифзи кӯдакон аз сироятёбӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатити В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилии типи b, гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакони то синни 6-сола пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки ҳар сол тахминан 600 000 тифл дар минтақаи аврупоии ТУТ эмгузаронии давриро намегиранд ва аз ҳамин сабаб то ҳол кўдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро ба воситаи эмкунӣ пешгирӣ кардан мумкин аст.
Бино ба маълумоти оморӣ, тариқи эмкунӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар аз ҳалокшавӣ ва 7,5 миллион кӯдакон аз маъюбшавӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






