Ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо аз қуллаи кӯҳҳои Помир ба маҳалҳои аҳолинишин фаромаданд
ХОРУҒ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти пай дар паи зимистони имсола барои парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ низ мушкилоти зиёд ба бор овард. Дар Бадахшон барфи ғафс ҳанӯз ҳам заминро пӯшонидааст ва ҳайвонот ба буттаву алафи кӯҳӣ дастрасӣ надоранд, бинобарин иҷборан ба деҳоти назди кӯҳдоманҳо рӯ меоранд.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мутахассисони мо дар ҳамкорӣ бо мудирияти Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», Ассотсиатсияи шикорчиён ва волонтёрон аз моҳи январи соли равон корҳои биотехникиро оғоз карданд ва ба иллати ғафсии барфу сардии ҳаво то ҳол ин маъракаро идома медиҳанд. Айни ҳол дар нуқтаҳои ҷамъшавии ҳайвонот зиёда аз 5 тонна хӯроки чорво, 300 килограмм намак захира карда шудааст. Ҳодисаҳои ба маҳалҳои аҳолинишин фаромадани бузи кӯҳӣ ва гӯсфанди Марко Поло дар деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон, деҳаи Бунии ноҳияи Шуғнон, деҳаи Оқҷари ноҳияи Мурғоб ба мушоҳида расид».
Ба иттилои ҳамсуҳбат, мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят галаи гӯсфандони Марко Поло ва бузи кӯҳиро боз ба кӯҳҳо «гусел намуда», чанд тонна алафро низ дар доманакӯҳҳо партофтанд.
Аксарияти ҳайвоноти нодир, ба мисли гӯсфанди Марко Поло ва бузи кӯҳии сибирӣ дар ноҳияи Мурғоб, ки шомили Боғи миллии Тоҷикистон буда, масоҳати он 1 миллиону 487 гектар мебошад, ба қайд гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






