«Акси садои булбул» дар ноҳияи Ёвон танин андохт
ЁВОН, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бахшида ба 68-солагии ҳунарманди зиндаёд, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов ва арҷгузорӣ ба ҳунари нотакрори ӯ маҳфили «Акси садои булбул» баргузор шуд. Дар он ҳунармандон, ёру дӯстон ва мухлисони шодравон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар маҳфил зикр гардид, ки Тағоймурод Хушвахтов ҳамагӣ 53 сол умр дида, дар айни камолоти эҷодӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт, вале дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо сурудҳои ҷовидонаи худ дили ҳазорон мухлисони савту наворо тасхир кунад. Имрӯз номи некаш дар лавҳи хотири ошиқони созу наво сабт гардидааст.
Дар маҳфили фарҳангӣ анҷому ашёи шахсӣ, асбобҳои мусиқии Тағоймурод Хушвахтов ва китобу мақолаҳое, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ таълиф шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маҳфил аз ҷониби пайравони мактаби эҷодии ӯ 15 суруди ҳофиз сароида шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






