«Қалами найшакарӣ»-и Назри Яздон дар Хуҷанд ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонро бо номи «Қалами найшакарӣ» дар шакли хеле зебо аз чоп баровард. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, то ба имрӯз ашъори шоир ва донишманди тоҷик Назри Яздон дар китобҳои «Меҳрубон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва дигар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд. «Қалами найшакарӣ» китоби навбатии ашъори ӯ буда, дар он шеърҳои нави шоир ҷой дода шудаанд.
Ашъори Назри Яздон тараннумгари Ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва дигар арзишҳои неки инсонӣ буда, хонандаро ба дунёи рангоранги зиндагӣ ва дӯст доштани ватану модар ҳидоят мекунанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






