Ҷамъбасти даври чоруми бозиҳои Лигаи олӣ
ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуданд. Дар вохӯрии марказии ин давр дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳам қувва озмуданд. Бозӣ барои се имтиёз пуршиддату ҷолиб гузашт ва дар натиҷа ягона голи задаи капитани дастаи «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов аз пеналтӣ «Ҳосилот»-ро ғолиб гардонид. Пас аз панҷ дақиқа футболбозони дастаи «Регар-ТадАЗ, ки дар ин вохӯрӣ ба ҳайси мизбон ҳунарнамоӣ доштанд, голи ҷавобӣ заданд, аммо довари вохӯрӣ Сайвалӣ Турдиев тӯби ба дарвоза воридшударо ба ҳисоб нагирифт. «Ҳосилот» баъди ин ғалаба бо 9 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор кард.
Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аввалин вохӯриашро дар варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматови ин ноҳия дар мавсими футболи соли 2017 бо дастаи КМВА «Помир» дар ҳузури 4 200 нафар мухлисон, вале ғалаба карда натавонист- 0:0.
Бозии дигари ин давр байни дастаҳои «Барқчӣ» ва «Вахш» низ бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст шуд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4
«Регар-ТадАЗ» «Ҳосилот» 0:1
Гол: Сафаралӣ Каримов, 70 аз пеналтӣ.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (Фаррух Чориев, 52), Дороб Эргашев, Саидхони Амрохон, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Азим Тошев, Фирӯз Қараев (Фирӯз Раҳматов, 60), Евгений Хотимский, Комрон Турсунов.
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Содиқ Мӯсо, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Абдусамад Хоҷибоев (Шодибек Ғаффоров, 56), Акуффо Гершон, Хайрулло Азизов, Абдурасул Раҳмонов (Саидалии Сафаралӣ, 90+2), Муҳаммадҷони Ҳасан, Агблей Ҷонс, Наврӯз Рустамов.
Огоҳӣ: Фирӯз Қараев, Евгений Хотимский, Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Агблей Ҷонс («Ҳосилот»).
Аз майдон ронда шуд: Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»), 90+2 корти дуюми зард.
Бозингари беҳтарин: Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).
Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
1 апрел. Душанбе. Майдони дуюми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. 1200 тамошобин.
«Панҷшер» КМВА «Помир» 0:0
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Сорбон Авгонов, Ҳусейн Умаров, Абдухалил Боронов, Фаррух Фузайлов.
КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Зоир Ҷӯрабоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Фуруғ Қодиров, Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов, Фирдавс Чақалов, Мисиам Иносент, Маҳмадалӣ Содиқов (Игор Суров, 75), Муҳаммад Алӣ (Шарафҷон Солеҳов, 65).
Огоҳӣ: Равшан Азизов («Панҷшер»), Шамсиддин Қосимов, Мисиам Иносент (КМВА «Помир»).
Бозингари беҳтарин: Ҳасан Холов («Панҷшер»).
Довари майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).
Комиссари бозӣ: Субхон Хоҷамов (Душанбе).
1 апрел. Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматов. 4200 тамошобин.
«Барқчӣ» «Вахш» 0:0
«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Оятулло Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Муҳсинҷон Парпиев, Далер Ёдгоров (Зиёвуддин Фузайлов, 73), Амирҷон Сафаров (Саидмухтор Азимов, 90+2), Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев (Тоҳир Малодӯстов, 82).
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Холмурод Назаров, Акмал Сабуров, Азимҷон Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Парвиз Саидмуродов, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров, Собир Холматов, Сунатулло Холов.
Огоҳӣ: Ҳувайдо Малиев, Муҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Холмурод Назаров («Вахш»).
Бозингари беҳтарин: Бехрӯз Хайриев («Барқчӣ»).
Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссри бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).
2 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 300 нафар тамошобинон.
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Ҳосилот» (Фархор) | 4 | 3 | 0 | 1 | 7-3 | 9 |
| 2 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 4 | 1 | 2 | 1 | 2-2 | 5 |
| 3 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 4 | 1 | 2 | 1 | 2-4 | 5 |
| 4 | «Истиқлол» (Душанбе) | 2 | 1 | 1 | 0 | 6-0 | 4 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-2 | 4 |
| 6 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 4 | 1 | 1 | 2 | 2-8 | 4 |
| 7 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 3 | 0 | 3 | 0 | 0-0 | 3 |
| 8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 1 | 0 | 2 | 2 | 0-3 | 2 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2 тӯбӣ.
Дар даври 5-ум вомехӯранд:
8 апрел (шанбе)
«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Панҷшер»
9 апрел (якшанбе)
КМВА «Помир» – «Барқчӣ»
10 апрел (душанбе)
«Ҳосилот» – «Истиқлол»
Оғози бозиҳо, соати16:00.








Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид






