Ҷамъбасти семоҳа: аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 12 ширкати ҳавопаймоӣ дар 12 хатсайр ба 12 шаҳр парвоз анҷом медиҳанд

Апрель 21, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 21.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар семоҳаи аввали соли равон ба зиёда аз 287 мусофир хизмат расонид, ки аз ин рақам наздик ба 166 ҳазор нафарро мусофирони рафта ва беш аз 121 ҳазорро мусофирони ба Тоҷикистон омада ташкил медиҳанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин давра ҳаҷми бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида наздик ба 594 тоннаро ташкил дод. Инчунин дар ин давра 239 эрод аз ҷониби мусофирон доир ба гум шудан, осеб дидан ва дастрас нагардидани бағоҷ ворид гардидааст, ки 222- тои он қонеъ гардонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 12 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ, назири «Turkish Airlines»-Туркия, «Kam Air» -Афғонистон, «China Southern Airlines»-Чин, «Flydubai» Аморати Муттаҳидаи Араб, «Iran Aseman Airlines» -Эрон, «Сибир», «Ют Эйр», «Урал» -Россия, «Авиатрафик» — Қирғизистон, «Эйр Астана» -Қазоқистон, инчунин ду ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» парвоз анҷом медиҳанд.
Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳри Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз мекунанд. Ҳамарӯза аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавпаймоҳо дар 12 хатсайри доимӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он парвоз намуда, ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Апрель 21, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд