АМИТ «Ховар» озмуни «Пайки Наврӯз»-ро ҷамъбаст намуд

Апрель 7, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни «Пайки наврӯз», ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои беҳтарин хабар, гузориш ва мусоҳиба эълон намуда буд, ҷамъбаст гардид.
Дар озмуни мазкур ба унвони Агентӣ аз ҷониби рӯзноманигорон, олимон ва шахсони касбу кори гуногун маводи ҷолибу пурмазмун пешниҳод шуданд.
Аз рӯи баҳогузории ҳакамон ҷои аввал ба касе муносиб дониста нашуд. Ғолиби ҷои дуюм хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» Ташрифулло Саъдуллоев барои мақолаи «Чаро Бобои Наврӯз набошад, то аз баҳори файзбахш муждагонӣ орад?» дониста шуд. Бурҳониддин Каримзода, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» барои мақолаи «НАВРӮЗ-САРИ СОЛ: шояд вақте фаро мерасад, ки дар тамоми дунё Соли навро дар оғози баҳор таҷлил мекунанд» ва мухбири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Шукӯҳ Бозоров барои мусоҳиба бо фолклоршинос Дилшод Раҳимов «Наврӯз ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оин рабте надорад» сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Ҳадаф аз эълони озмуни «Пайки Наврӯз» бори дигар арҷгузорӣ аз таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам ва шинос намудани мардуми ҷаҳон бо мероси фарҳангии мардуми тоҷик мебошад.

Апрель 7, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид