Ансамбли созҳои миллии шаҳри Хуҷанд дар Тошканд сазовори ҷои дуюм шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар интиҳои моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмиллалии ансамбл ва оркестрҳои бисёровоза бо номи «Наврӯз садолари» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар озмуни мазкур ансамбли созҳои милли мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.
Ҳайати ансамбл аз омӯзгорон Замира Ҷӯраева-роҳбари ансамбл, Дилшод Ҳамроқулов бо дутор-бас ва шогирдони онҳо Муҳаммадҷон Иброҳимов бо сози дойра, Муҳаммадзоҳир Муҳаммадҷонов бо сози най ва Исмоилҷон Азизов бо сози дутор иборат буд.
Дар озмун, ки дар Консерваторияи миллии Ӯзбекистон багузор шуд, ансамбли созҳои миллии Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои дуюм гардид.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






