«Авангард» ҷавононро ба ҷасурию пешоҳангӣ даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бо намояндагони муҳассилини муассисаҳои олии таълимии шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои тарбия, ташаккул ва камолоти донишҷӯён, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои бегона, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ баррасӣ шуданд.
Намояндагони «Авангард» ҳамсолони худро аз вазъияти имрӯзаи ҷаҳон огоҳ сохта, онҳоро ба ватандӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ даъват намуданд.
Ҳадафи чунин вохӯриҳо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз хатми муассисаҳои олии таълимӣ» мебошад.








КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад






