Ҷавонон-ҳомиёни ояндаи Ватан: «Ба эътимоди Пешвои миллат содиқ бояд буд»

Апрель 13, 2017 17:36

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон аз тарафи Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои роҳнамои Академияи ВКД дар мавзӯи «Ҷавонон- ояндаи миллат» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад курсантони Академияи мазкур андешаҳои худро доир ба саҳми ҷавонон ва нақши онҳо дар рушду нумӯи кишвар иброз намуданд.

Курсантони Академияи ВКД дар мавзӯъҳои «Хусусияти Паёми Пешвои миллат», «Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонони кишвар», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»,«Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия» маърӯза карданд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд. Пас ҷавононро зарур аст, ки дар омӯзиши илмҳои замони муосир ва пешрафту шукуфоии Ватан саҳмгузор бошанд.

Апрель 13, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд