Ҷавонон-ҳомиёни ояндаи Ватан: «Ба эътимоди Пешвои миллат содиқ бояд буд»
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон аз тарафи Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои роҳнамои Академияи ВКД дар мавзӯи «Ҷавонон- ояндаи миллат» ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад курсантони Академияи мазкур андешаҳои худро доир ба саҳми ҷавонон ва нақши онҳо дар рушду нумӯи кишвар иброз намуданд.
Курсантони Академияи ВКД дар мавзӯъҳои «Хусусияти Паёми Пешвои миллат», «Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонони кишвар», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»,«Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия» маърӯза карданд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд. Пас ҷавононро зарур аст, ки дар омӯзиши илмҳои замони муосир ва пешрафту шукуфоии Ватан саҳмгузор бошанд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






