«Ҷавонони ду соҳил зидди маводи мухаддир!»- сабқати варзишӣ миёни ҷавонони тоҷику афғон

Апрель 18, 2017 11:22

ХОРУҒ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мусобиқаи дӯстона аз намуди волейбол байни дастаҳои мунтахаби вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Волии вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирзоқулӣ Паймон гуфт, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз кишвари мо чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша пуштибонӣ мекунад. Ягона роҳи байналмилалӣ, ки шаҳрвандони Афғонистон аз он бидуни тарсу ҳарос ва бо дили пур гузар мекунанд, ин роҳ аз тариқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ман ба сифати масъули ҳукумати Шуғнони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба як гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки довталабона дар ҳудуди ноҳияи мо ҳашт майдончаи варзишӣ бунёд намуданд ва наврасону ҷавонони моро бо либос ва дигар асбобу анҷоми варзишӣ таъмин намуданд, изҳори сипос менамоям».

Мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азиз Ҳайдармамадов гуфт, ки «ин толор ҳамагӣ се моҳ қабл аз ин мутобиқи қарордоди сеҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Бунёди Оғохон дар канори бозори муштарак бунёд шуд. Бори аввал аст, ки варзишгарони ду кишвар бо ҳам аз намуди волейбол рақобат мекунанд. Ҳадаф аз бунёди толор роҳандозии тарзи ҳаёти солим, тиҷорати солим ва аз байн бурдани хариду фурӯши маводи мухаддир мебошад. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд  ҷавонони ҳарду соҳил танҳо бо нияти нек, бо мақсади анҷом додани корҳои хайру созанда, такмили истеъдоду маҳорати варзишию фарҳангии худ дарёи Панҷро убур намоянд».

Ба иттилои мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Азиз Ҳайдармамадов, онҳо  тасмим гирифтаанд, ки  моҳи май байни кӯдакону наврасони ҳарду соҳил аз намуди футболи хурд мусобиқа баргузор намоянд.

Мусобиқа бо пирӯзии дастаи мунтахаби вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон  ба поён расид.

Ба меҳмонон Ҷоми сабқат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Апрель 18, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд