Аъзои хоҷагии «Сомониён»-и ноҳияи Ашт ба иқдоми нек даст заданд

Апрель 1, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 01.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо иштироки раиси ноҳия Зариф Мирдадо пойгоҳи обкашӣ ба фаъолият оғоз кард.

Зариф Мирдадо ба аъзои хоҷагии деҳқонии «Сомониён», ки дастгоҳи обкашии солҳои зиёд корношоямро барқарор намуданд, миннатдорӣ баён карда, афзуд, ки деҳқонони асилу пуртаҷрибаи ҷамоат мисли пештара истифодаи обу заминро хуб ба роҳ монда, барои рӯёнидани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор мегарданд.

 

Ашт-2Дастгоҳҳои ин пойгоҳи обкашӣ бо харҷи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ барқарор гардида, беш аз 100 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо об таъмин менамоянд. Пойгоҳ  дорои се дастгоҳи обкашӣ буда, ҳар яке ба андозаи то 350 литр дар як сония оби полезиро таъмин менамояд. Хати нави сохташуда дар ин мавзеъ фарогири 750 метр мебошад.

Соли равон  дар ин заминҳо сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, мош, лӯбиё, нахӯд ва хӯроки чорво кишт карда мешавад. Дар солҳои минбаъда дар заминҳои мазкур бунёди токзор ва дарахти  хуч дар назар аст.

Апрель 1, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд