Ба қонуни мубориза бо коррупсия илова ворид карда шуд

Апрель 26, 2017 17:36

ДУШАНБЕ, 26.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон омилҳо ва хавфҳои коррупсионӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод мегардад, ки ин тамоюл имкон медиҳад хавфҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ гарданд. Дар робита ба ин 26 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қисми 5-ро илова намуданд.
Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки «зарурати ворид кардани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ баҳри иҷрои банди 45-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пеш омад».
Зикр шуд, ки методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсиониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд
Ҳамзамон зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки сатҳи коррупсия дар ҷумҳурӣ баланд аст. Раиси Парлумони кишвар таъкид намуд, ки бояд дар ин самт мақомоти салоҳиятдор аз таҷриба ва имконот истифода намуда, муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр гардонанд, зеро дар радифи шахсоне, ки ба фасод даст мезананд, мансабдорон низ ҳастанд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки «дар мақомоти мубориза бо коррупсия баъзан нафароне ҳам фаъолият мекунанд, ки худашон дар фасодкорӣ даст доранд ва ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад. Касе ба коррупсия даст мезанад, дер ё зуд бе ҷазо намемонад, зеро дар назди қонун ҳама баробаранд».

Апрель 26, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ