Ба таваҷҷуҳи ҳаводорони мусиқии ҷаз: дар Душанбе панҷумин Фестивали байналмилалии «Еthno-jazz» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ панҷумин Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» ифтитоҳ мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади фестивал- тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда, он бо ташаббуси маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов df дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар фестивал иштироки ҳунарпешаҳои шинохта аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Швейтсария, Олмон, ИМА ва Туркия дар назар аст.
29 апрел соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи дуюми консертӣ доир мегардад.
30 апрели соли 2017 соатҳои 13:00 ва 18:00 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ду барномаи консертӣ бахшида ба ҷамъбасти панҷумин Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» манзури ҳаводорони санъат мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






