Байни рӯзноманигорони ВАО озмуни «Бемории сил табобатшаванда аст» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил байни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон мекунанд.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку бомасъулият дар ҷомеа нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои сил мебошад.
Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод бояд шаванд. Нусхаи асл ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр, рўзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешаванд. Ба маводи дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ навишташуда афзалият дода мешавад.
Ба ҳайати ҳакамон намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносони силшинос, инчунин намояндагони USAID, ки доир ба масъалаҳои сил кор мебаранд, дохиланд.
Маросими супоридани ҷоиза ба ғолибон моҳи сентябри соли 2017 муайян шудааст.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






