Барқияи табрикии Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Апрель 24, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-умин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ба роҳи дар тӯли чоряк аср тайшудаи Украина ва Тоҷикистон назар афканда, бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки миёни кишварҳои мо доир ба аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва ҳамкории дуҷониба дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстона ва эҳтиром фаъолона рушд мекард.

Украина омода аст, ки минбаъд низ барои густариши самараноки муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси принсипҳои шарикии мутақобила ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва ризоият таманно дорам».

Апрель 24, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд