Баргузории аввалин фестивали ақаллиятҳои миллӣ дар Хатлон
ҚӮРҒОНТЕППА, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа аввалин фестивали вилоятии санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ ширкат намуда, либос, намудҳои хӯрок ва санъати худро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.
Фесивали мазкур аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо бахши вилоятии Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид.
Фестивал ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон бахшида шуда, ҳадафи он аз эҳё, ҳифзу гиромидошт, такомули анъанаву суннатҳои мардумӣ, тарғиби дастовардҳои фарҳангиву ҳунарӣ, пайдо намудани истеъдодҳои нав, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ миёни миллатҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон иборат буд.











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






