Барои ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият ва амнияти миллӣ тайёрем!

Апрель 4, 2017 17:38

ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хизмати  ҳарбӣ ва баргузории вохӯрию  суҳбатҳо  бо волидону наздикони ҷавонони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри таблиғи ақидаҳои созанда доир ба ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизати Модар-Ватан ба таври мунтазам амалӣ мегардад.

Бо иштироки Низом Ҳакимзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Фарҳод Сатторзода, Комиссари ҳарбии ноҳияи мазкур Ҷовид Қурбонбеков, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Душанбе, Насим Ҳасанов, мудири бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур,  Раҷабалӣ Бобохонов, роҳбари Намоядагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин ноҳия ва дигарон ҷавонони диловари ноҳияи Шоҳмансур, ки ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада буданд, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Ҷавонон садоқат бар Ватани азизро ифтихору виқори ҷавонмардӣ ном бурда, омодагии ҳамешагии худро дар дифои марзу буми аҷдодӣ иброз доштанд.

Маросим дар вазъияти тантанавӣ бо ҳаракатҳои часпони аскарони Полки комендантӣ, парафшонии парчамҳо, суруду мусиқиҳои тараннумгари зебоиҳои Ватан гузашта, суханони раҳнамои афсарони диловар ба ҷавонон қувваю неруи тоза бахшида, боиси сарфарозии ҳозирин гардид.

Апрель 4, 2017 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид