Бернар Тано-Бучуе: «Мехоҳем донишҷӯёни мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба соҳаи аграрӣ ва техникӣ ҷалб карда шаванд»
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба низоми маорифи кишвар, дастовардҳои соҳаи маориф ва илм дар солҳои охир ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ зимни мулоқоти Бозоралӣ Одиназода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар муҳокима шуданд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Тавре ки манбаъ хабар дод, зимни суҳбат Бозоралӣ Одиназода инчунин дар бораи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, таҳияи стандарту барномаҳои нави таълимӣ, таҳсили донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маблағгузории соҳа иттилоъ дод.
Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар изҳор дошт, ки тафовути низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки хонандагон ду сол дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, шаш сол дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва ҳафт сол дар зинаи таҳсилоти миёна таҳсил намуда, сипас, таҳсил дар донишгоҳҳо вобаста ба самту ихтисос аз се то ҳафт сол идома меёбад.
Инчунин Бернар Тано-Бучуе зикр намуд, ки «то ҷое огоҳӣ дорем, низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа яке аз низоми маорифи рушдёфта ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мехоҳем бо кишвари шумо созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкориро вусъат бахшем. Ва пеш аз ҳама, мақсад дорем, ки ҳамкорӣ аз мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон оғоз ёфта, донишҷӯёни мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба таҳсил дар риштаҳои аграрӣ ва техникӣ ҷалб карда шаванд».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






