«Бонки Эсхата» ғолиби мусобиқаи «Ҷоми бонкҳо» гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 28 март то 1 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи «Ҷоми бонкҳо» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, мақсад аз баргузории ин сабқати иқтисодӣ, ки бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои кишвар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата», Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Аввалин бонки молиявии хурд», Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Казкоммертсбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пушидаи «АксесБонк Тоҷикистон» гузаронида шуда буд, ки ин баланд бардоштани маҳорати идоракунии кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо ба ҳисоб меравад.
Дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо ҷанбаҳои муҳими бонкӣ аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарофаҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳар дастаи иштирокчӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ давра фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни мусобиқа миёни панҷ даста — дастаи ҶСК «Бонки Эсхата» тибқи талаботи ҷорӣ дар асоси маълумотҳои ҷойдошта идоракунии дуруст ва самараноки бонки шартиро таъмин намуда, бо муаррифии беҳтарин барнома дар ин сабқати бонкӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Дастаҳои ҶСП «Казкоммертсбонк» ҷои дуввум, ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» ҷои сеюм, БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷои чаҳорум ва ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ҷои панҷумро касб намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






