Боздиди Гопи Шах аз Парлумони Тоҷикистон

Апрель 25, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар мулоқоти Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо машваратчии байналмилалии созмони маблағгузории иҷтимоии Британияи Кабир хонум Гопи Шах баррасӣ гардид.
Акрамшо Фелалиев зикр кард, ки «Тоҷикистон яке аз ташаббускорони эълони Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аст. Аз ин рӯ, мо барои татбиқи рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид ва пурра кардани он бо чораҳои муосири амалӣ ҷиҳати ҳалли ботадриҷи ҳама мушкилоту таҳдидҳо, ки бо об иртибот доранд, ҳавасманд ҳастем».
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ иброз намудаанд: «Таназзул ва коҳишёбии вазъи захираҳои оби тоза барои рушди устувор монеа эҷод намуда, аз зарурати ҳамкорӣ байни бахшҳои асосии истифодабарандаи захираҳои об — кишоварзӣ, саноат, энергетика, таъминоти об, санитария ва муҳити зист шаҳодат медиҳад». Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли татбиқи рӯзномаи оби СММ умед дорад, ки рушди ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ байни истифодабарандагони об, ҳам дар сатҳи маҳаллию миллӣ ва минтақавию байналмилалӣ метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъминоти об ва санитария, ҳифзи захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат намояд.
Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Британияи Кабир таваҷҷуҳи хоса дорад. Дар мулоқот оид ба тавсеаи равобити байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит дар соҳаҳои гуногун шуда метавонанд. Бояд тазаккур дод, ки созмони маблағгузории иҷтимоии Британияи Кабир дар 50 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, бархе аз лоиҳаҳои он дар шимоли Тоҷикистон низ татбиқ мегарданд.

Апрель 25, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд