Боздиди вакили Бундестаги Олмон аз Парлумони Тоҷикистон

Апрель 10, 2017 16:02

ДУШАНБЕ,10.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон хостори рушди ҳамкории гуногунҷабҳаи иқтисодӣ бо Олмон аст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Манфред Грунд, роҳбари ҳайати Бундестаги Олмон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, зикр намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Олмон, хусусан робитаҳои парлумонӣ баррасӣ гардиданд. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо Олмон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин росто Олмон ҳамчун шарики асосӣ ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба таҳкимии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илму маориф, фарҳанг, амният, бахусус мубориза бо таҳдид ва хатарҳои муосирро баррасӣ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи имконоти сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Олмон, инчунин таҷрибаи бойи ширкатҳои он, дар рушди иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика, нақлиёт, туризм ва технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд аст.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тасмим дорад дар оянда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон пешкаш намояд.
Бо дахли тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби замони муосир, терроризм ва экстремизм Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки таъмини амният айни замон боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ва Олмон дар эътилофи зиддитеррористӣ паҳлӯи ҳам истода, барои барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиёт дар Афғонистони ҳамсоя саҳми арзанда мегузоранд. Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистии динӣ ва маводи мухаддир ба Аврупо қарор дошта, дар ин самт бо тамоми неруву тавон сипари боэътимод маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳанд кард.

Апрель 10, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид