Дар Хатлон маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 ҳазору 691 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаю бе сертификати мутобиқат, ки беш аз 207 номгӯйро ташкил медоданд, дар вилояти Хатлон нобуд гардид.
Тавре аз Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, 13 апрел дар ҳузури комиссияи салоҳиятнок ва намояндагони ВАО ин маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд.
Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Раёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон пеш аз нобудкунии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиенӣ изҳор дошт, ки аз ҷамъи умумии мавод 149 номгӯй ё 26 ҳазору 584 ададашро маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта, 58 номгӯй ба миқдори 1 ҳазору 107 адади дигарашро маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқат ташкил медиҳанд.
«106 номгӯй ё 21 ҳазору 600 адади ин маводро ду ширкати фармасевтӣ ва 8 муассисаи табобатию пешгирӣ бо мактуб барои безарар нобуд намудан ба раёсат супурдаанд. Боқӣ 101 номгӯйи дигарро мутахассисони раёсат зимни санҷишҳои муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатию пешгирӣ аз муомилот гирифтаанд»,-иброз дошт сардори раёсат.
Дар семоҳаи аввали соли равон мутахассисони раёсат нисбат ба 30 нафар шахсони масъул санади маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи умумии 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






