Дар масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе оид ба авфи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар масҷидҳои ҷомеаи Душанбе бо иштироки 22 ҳазору 500 нафар имомхатибони масҷидҳо ва сокинони пойтахт суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Кормандони масъули Раёсат бо шаҳрвандон оид ба тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия, муҳоҷирати меҳнатӣ ва авфи муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбат карданд. Зикр гардид, ки дар ҳолати аз ҷониби шаҳрвандон вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.
Зимни вохӯриҳо ба шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд, ки барои фаҳмидани нуктаҳои муҳими ин масъала онҳо метавонанд ба зерсохтоҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






