Дар намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» зиёда аз 40 муасисаи таҳсилоти олии касбии Россия иштирок намуданд

Апрель 13, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» баргузор гардид.
Тавре Хуршед Зиёев, сардори раёсати илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаи охири даврони соҳибистиқлолӣ No-sleepiness.com кадрҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
«Муддати чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мегарданд. Имсол дар ин намоишгоҳ — ярмарка зиёда аз 40 муасисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия иштирок менамоянд»,- гуфт Хуршед Зиёев.
Ба иттилои мавсуф, ҳадафи асосии намоишгоҳ он аст, ки довталабони Ҷумҳурии Тоҷкистон тавонанд дар муассисаҳои олии Федератсияи Россия таҳсил намуда, барои иқтисодиёди ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
Шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе-2017» 3 рӯз идома ёфта, зимни он имтиҳоноти қабул сурат мегиранд. Дар ярмаркаи мазкур на танҳо довталабон аз пойтахт, балки аз минтақаҳои ҷумҳурӣ метавонанд иштирок намоянд. Зеро чунин намоишгоҳ ва имтиҳоноти қабул дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Қӯлоб низ баргузор мегарданд.
Тавре Хуршед Зиёев зикр намуд, имсол Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 ҷои буҷавӣ ҳамчун квота ҷудо намуд ва пас аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 600 нафар довталабони Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия таҳсили худро идома диҳанд.
Ҳамчунин Исматулло Шодиев, директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки намоишгоҳи имрӯза ихтисосҳоро дар зинаи бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ ба довталабон пешниҳод кардааст ва шаҳрвандон метавонанд дар ин ҳамоиш иштирок намуда, дар ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ таҳсил намоянд.
Ба гуфтаи Исматулло Шодиев, Ҳукумати кишвар афзалиятҳоро бештар ба ихтисосҳои техникӣ равона кардааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кӯшиш менамояд, ки дар соҳаи техникӣ мутахассис омода намоянд, то ин мутахассисон тавонанд дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.
Имрӯз зиёда аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 50 фоизи онҳо дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсили илм мекунанд.

Апрель 13, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст