Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба охир расид
ДУШАНБЕ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нақшаи иҷрои даъвати баҳории наваскарон дар вилоят то 18 апрели соли ҷорӣ ба 53, 1 дарсад расонида шуда, корҳои сафарбарӣ дар ин самт идома доранд. Масъулин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки нақшаи даъватиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус буда, мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон мебошад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






